• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб

Migration Service by Migration Service
04.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм пазируфта шудааст. Дар мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум ва расидан ба нақшаву барномаҳои стратегӣ иқдомҳои судманд рўи кор гирифта шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду тараққӣ меёбанд.

Расидан ба Истиқлоли давлатӣ, ба даст овардани Ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ба рушди бонизоми мамлакат заминаи устувор гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму экстремизм, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Дар ҳақиқат мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ва ин мақсадҳо бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ‐ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шаванд.

Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳалаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.

Дар замони муосир аз ҳама хатарҳои мавҷуда хатари терроризм ва тахрибкорӣ зиёновар дониста мешавад, чунки дар сартосари дунё қудратҳои ҷаҳонӣ аз ин тамоюл сӯйистифода намуда, мехоҳанд, рақибони худро бо силоҳи терроризм мағлуб намоянд. Ҳар фарди ватандўст дар асри ҳозира бояд дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ кунад ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад.

Терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугў, мо аз рўйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд, ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеа ёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Тибқи муқаррароти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки инҳо: баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ, нақши низоми маориф ва сиёсати ҷавонон дар пешгирии экстремизм, мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ, сатҳи таъминоти иҷтимоӣ‐иқтисодии аҳолӣ, таъсиррасонӣ ба омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва амсоли инҳо маҳсуб меёбад.

Дар фаъолияти пешгирифтаи худ мо, кормандони Раёсати  Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, баҳри рушди босуботи кишвари азизамон саҳми арзишманд гузорем.

Файзализода Сафаралӣ,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Next Post

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта ва корҷӯён дар шаҳри Кӯлоб

Next Post
Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта ва корҷӯён дар шаҳри Кӯлоб

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта ва корҷӯён дар шаҳри Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.