Дар замони муосир терроризм ва ифротгароӣ ба яке аз муаммоҳои ҳалталаб ва доғи рӯз табдил ёфта, аз таҳдиди он ягон давлати дунё дар канор намондааст. Имрӯз ин зуҳурот ҳамчун таҳдид ба амнияти давлатҳо эътироф гардида, он ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун мушкилоти ҳалталаб ва хатарзо ба амнияти миллӣ шинохта, ба пешгирӣ ва ҳалли он низ таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ба сифати объекти тарғиботу ташвиқоти гурӯҳҳои ифротгаро дар аксар вақт ҷавонон баромад менамоянд. Онҳо аз ҳисоби ҷавонон сафи худро зиёд намуда, мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ менамоянд. Дар кишварҳои ноороми башарият қувваи асосии такондиҳанда ҷавонон ҳастанд, Зеро, аз лиҳози равонӣ онҳо хеле ҳассос ва категорияи фаъоли аҳолианд. Вазъи буҳронӣ дар ҷомеа, хоҳ – нохоҳ имкониятҳои онҳоро барои худамалсозӣ маҳдуд намуда, барои истифодаи самараноки қувваҳои ифротӣ роҳи васеъ мекушояд. Чуноне ки мушоҳида мешавад, солҳои охир гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик ба созмонҳои террористӣ пайваст шуданд, ки бевосита ба амнияти кишвар таҳдидовар аст.
Пешгирии шомилшавии гурӯҳе аз ҷавонони кишвар ба созмонҳои хусусияти террористӣ ва ифротидошта вазифаи танҳо давлат набуда, дар ин самт ҳар як аъзои ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Дар ин самт чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ, боло бурдани рӯҳияи таҳаммулпазирии онҳо, рушди тафаккури ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар чораҳои ба ин монанд дар раванди пешгирии ифротгароӣ ва терроризм мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Сафаров Фаридун,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе