• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи ҷомеа

Migration Service by Migration Service
05.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи ҷомеа
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат мебошад. Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст.

Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро кашф кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муайян нашудааст. Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Махсусан дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ё бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Баъзе шахсон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилу, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шавад.

Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ, ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Идомаи мулоқоти судманд бо сокинон дар ноҳияи Шаҳринав

Next Post

Зиёни террористон ба ҷомеа

Next Post
Зиёни террористон ба ҷомеа

Зиёни террористон ба ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.