• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирии ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб менамояд

Migration Service by Migration Service
24.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирии ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб менамояд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Яке аз мушкилоте, ки тамоми ҷомеаро нигарон кардааст, ин зиёд шудани гирифторони вируси норасоии масунияти одам дар кишвар мебошад. Айни замон дар сайёраи замин  сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) умр ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ки  аз оғози эпидемия то имрӯз ин вирус сабаби фавти миллионҳо нафар гардидааст.

Тибқи маълумоти созмонҳои номбурда, шумораи сироятёбӣ дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфтааст, ки яке аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар самти мубориза алайҳи ВНМО ба шумор меравад.

Мутахассисони соҳа ва мушовирони байналмилалӣ ҳолати эпидемиологии вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро “эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ” арзёбӣ намуда,  паҳншавии онро бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла, нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо имконпазир медонанд. Муҳоҷирони  меҳнатӣ дар ин самт аз гурӯҳҳои осебпазир ба ҳисоб мераванд ва дар болоравии сатҳи сироятёбӣ “саҳм” доранд.

Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ВНМО бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла, муоинаҳои гуногун ва таъмини  дорувориҳои зиддиретровирусӣ, ба сироятёфтагони ВНМО ба таври ройгон сурат мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки: “Пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам, кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд”.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, айни ҳол дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ ба густариш ёфтани ВНМО сабаб шудааст. Бештари занон аз шавҳарҳои муҳоҷирашон ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои сирояти вирус саривақт ошкор нашудни беморӣ ва аз табобат дурӣ ҷустан ё вирусро пинҳон кардани шахси бемор аст. Зеро то ҳол дар ҷомеаи мо, мутаассифона, доғгузорӣ ба афроди олудаи ВНМО вуҷуд дорад ва дар ин маврид одамоне, ки гирифтори бемории ВНМО ҳастанд, ба қавле “барои гап нашудан” муддатҳои тӯлонӣ бо ҳамин дард зиндагӣ мекунанд, ҳамсари худро олуда мекунанд ва сарчашмаи беморӣ мегарданд.

Аксарияти он ҷавононе, ки маҳз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ВНМО гирифтор мешаванд, аз сабаби дур будани волидон ва набудани назорати онҳо, инчунин дар таассуб ба дигар ҳамсолони айшу ишратпарасташон дидаю дониста пой сӯйи роҳи хато мемонанд. Вақте дар ватан волидон келини муносиб ёфтаву номзад мекунанд, ҷавон “то тӯй озодам ку” гӯён, то дами баргаштан ба ватан ишратпарастияшро давом медиҳад. Пеш аз тӯй намефаҳмад, ки олудаи ВНМО аст, чунки ин беморӣ аз се то шаш моҳ дар хун муайян намешавад, баъди издивоҷ пай мебарад, ки на танҳо худаш олудаи вирус аст, балки ҳамсарашро низ сироят кардааст.

Вируси норасоии масъунияти одам бо се роҳ, аз хун бо хун, аз сӯзандору ва аз модари бо вирус зиндагикунанда ба кӯдак мегузарад.

Аммо таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари мардум гузариши ВНМО-ро танҳо алоқаи ҷинсӣ дониста, ахшоси гирифтори ин вирусро бероҳа ва беҳудагард низ баҳодиҳӣ мекунанд. Вале сабаби гирифтории шахси беморро надониста (бигзор дониста бошад), бо ҳисси бадбинӣ ё нафрат нигоҳ кардан сӯйи шахси бемор сабаби аз зиндагӣ дилсард ва аз табобат гурезӣ шудани ӯ мегардад.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки бо ин гуна беморон набояд рафтори нодурусту дурушт кард ва аз онҳо дурӣ ҷуст. Ин гуна афрод бояд ба мардум дуруст муаррифӣ шаванд, ҳар яки мо барои ҷабли онҳо ба табобат ва ҳаёти солиму созанда саҳмгузор бошем. Саҳми мо ҳамагӣ рафтори дуруст, нигоҳи гарм, “дар зери як офтоб зистан” бо онҳост.

Дар навбати худ саҳми ВАО низ хеле муассир аст. Вақте матлабҳои сенсатсионӣ бо ҳар гуна унвонҳо нашр мешаванд, ин ба психологияи хонанда, ҷомеа ва худи бемор таъсири манфии худро мерасонад. Вақте ки мо ин бемориро ҳамчун вабои асри 21 муаррифӣ мекунем, ҳар як шахс аллакай дар мағзи сари худ як таассуроти манфиро ҷо мекунад.

Бисёре аз мардуми мо вақте мефаҳмад, ки шахс гирифтори бемории ВНМО одам аст, “худро эҳтиёт мекунад” ва ҳатто салому алайк намекунад. Ҳол он ки, сироятёфтагони ВНМО ба мисли одамони маъмулӣ ҳастанд ва бояд ҳангоми муошират, ҳангоми дар якҷо қарор доштан ё ин ки дар нақлиёт, ҳангоми бӯса кардан ва оғӯш кардан, ҳеҷ гоҳ сироят намеёбед.

Ин гуна “худро эҳтиёт кардан”- и мо бар зарари худи мост, ки бо ин тарзи рафторамон дар ҷомеа, дар атрофмон олудагони вируси ВНМО-ро зиёд мекунем.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Дӯстӣ омили асосии суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии устувор дар Осиёи Марказӣ 

Next Post

Таҳдиди экстремизм

Next Post
Таҳдиди экстремизм

Таҳдиди экстремизм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.