• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешвои миллат – меъмори Ваҳдати миллӣ

Migration Service by Migration Service
23.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешвои миллат – меъмори Ваҳдати миллӣ
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маҳз ғамхориҳо, ҷонисориҳо ва хидмати мардонавори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз миллати тоҷикро дар арсаи байалмилалӣ ҳамчун миллати соҳибмулк мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Чун тариқи оинаи нилгун аз даврони ноосудагии кишвар мушоҳида менамоем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари ҳокимият омаданаш то имрӯз ҳамвора ҳамдилу ҳамроз ва ҳамнафаси халқи азизи худ гардида, кӯшиш намуда истодаанд, ки то нафаси охирин дар хидмати мардуми сарбаланди хеш камари ҳиммат банданд.

Бунёдгар, созанда, ғамхор, ки ҳамвора тамоми талоши худро дар роҳи озодиву ободии ин халқу миллат равона намудаанд, яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ буда, ҳамоно ин матонату инсондӯстӣ дар замири поки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудор аст.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва ба пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Хизматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз намудани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳониашон муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Пешвои миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва «Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!» содиқ монданд ва ин савгандро воқеан ҳам дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намуданд.

Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии Президенти Тоҷикистон амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ низ дорад.

Ин таҷриба дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар мамлакатҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳо зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид ва донишмандонро пайваста ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд.

Пешвои миллат ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих.

Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат- ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон  далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.

Имрӯз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати созанда, бунёдкорона, хирадмандона ва дурбинонаи ин абармарди миллат кору зиндагӣ мекунанд ва бо Пешвои худ ифтихор доранд, бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошанд, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба таври пайваста ба рушду нумуи ҷумҳурӣ равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошанд ва истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.        

Бобоназарзода Санавбар,

мудри шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Спитамен

Next Post

Суҳбату вохӯриҳои муфид дар ноҳияи Файзобод

Next Post
Суҳбату вохӯриҳои муфид дар ноҳияи Файзобод

Суҳбату вохӯриҳои муфид дар ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.