• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешвои миллат – роҳнамо ва ифтихори миллат

Migration Service by Migration Service
04.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешвои миллат – роҳнамо ва ифтихори миллат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо таассуфи беандоза ёдрас мешавем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон воқеаву ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-ум кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва ин боиси ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид, ки ин шароити мураккабу ҳассоси таърихӣ хатари парокандашавии миллат, заволи давлат, ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистонро пеш овард. Ба бахти миллати тоҷик дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, хирадманду нексиришт, ватандӯсту халқпарвар ва ҳувияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, яъне ӯ дар шароите ба саҳни сиёсат ворид гардид, ки давлат низоми сиёсии худро аз даст дода, дар арсаи нобудшавӣ қарор дошт, халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ умед ба фардои худро аз даст дода буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешаву хиради волои ин марди ватандӯсту покзамир тавонист ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, оташи ҷанги дохилиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор сохт, то охирин гурезаро ба Ватан наовард, ором нагирифт, дар дили халқаш барои зиндагии ободу осоишта шуълаи умедро бедор кард, заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуд, барои рушди минбаъдаи кишвар, барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави инкишоф ворид намудан амалисозии барномаҳои рушди кишварро ҳамаҷониба вусъат дод, монанди бунёди нақбу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, рушди хоҷагии қишлоқ, кишоварзӣ, боғдорӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа.

Ташаббус ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забону таъриху фарҳангу урфу одатҳои миллӣ исботи онанд, ки ӯ воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки халқи тоҷик Сарвари ҷасуру хирадманду дурандешу созандаи худро самимонаву сидқан дӯст дошта, заҳмату талошҳои пайваставу шабонарӯзӣ ва корнамоиву ҷонфидоиҳои ӯро дар роҳи эъмори сулҳу давлатдории навини тоҷикон арҷгузорӣ намуда, ба ӯ унвони олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд, ки ҳалолаш бод!

Бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург метавон гуфт, ки кору пайкори Пешвои маҳбуби тоҷикон, оини давлатсозиву сулҳофарии ӯ дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсоз қобили қабулу дастури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин тоҷики асилу созанда дар муаррифӣ намудани миллату, забону фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дошта, забони ширину гушнавозу шевои тоҷикӣ борҳо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ аз забони ин абармарди соҳибзабону соҳибхирад садо додаст. Иқдому ташаббусҳои оливу беназири пешниҳоднамудаи ӯ дар бораи беҳтар намудани вазъи экологии сайёра, оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи сайёра, таҳкими сулҳу субот, маҳкум кардани тероризму экстремизм аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон обрӯй ва эҳтироми хосса дошта, яке аз субъектҳои мубориз бар зидди экстремизму тероризм муаррифӣ шудааст.

Саҳми ватандӯстдоронаву фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ, рушди низоми давлатдорӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, рушди энергетикӣ ва саноатикунонӣ дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, забону фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намудани адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик бағоят бузургу беназир аст.

Имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистонро нисбати дирӯзу солҳои пешин ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем, ки ҳамаи ин бо шарофати рооҳнамоию қудрати сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист бо ақлу заковат, хиради азалӣ, дилу нияти пок, иродаи устувор, ҷасорату шуҷоат, созандагию ободкорӣ дар дилу дидаи халқаш роҳ ёбад ва бо зиндагии ободу озоду осоишта онҳоро ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун созад.

Гулмаҳмадзода Шамшод,

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.