• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешвои миллат – шахсияти хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил

Migration Service by Migration Service
24.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм-хатари аҳли башар
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърих гувоҳ аст, ки дар гузаштаи начандон дур халқиятҳои соҳиби забону фарҳанги ғанӣ ва соҳибтамаддун дар тохтутозҳою кашмакашҳои салтанатхоҳони замон рӯ ба инқироз оварда, аз пайи ин асолати хешро ба таври комил аз даст доданд, ки имрӯзҳо номи онҳоро фақат дар сарчашмаҳои таърихӣ метавон диду халос.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки халқи тоҷик дар умқи асрҳо бо тафаккури хештаншиносии бемисл ва ворастагӣ аз зердастии қавмҳои аҷнабие, ки дар қатлу куштор ва хунрезиҳои бесобиқа ҳамто надоштанд, бо вуҷуди он ки ҳама тахту тоҷро аз даст дод, вале ҳуввияти хешро побарҷо нигоҳ дошта омадааст.

Аз бузургтарин неъмат ва сарвати гаронмояи бебаҳо, ки халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва худогоҳу худшиноси тоҷик дар тӯли қарнҳо бо ҷоннисориҳои зиёд ба даст овард, ин бешубҳа, Истиқлоли комили давлатӣ аст, ки имрӯз орзуву омоли чандинсолаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид.

Маврид ба зикри хост аст, ки баъди пошхӯрии давлати Сомониён давлати мустақили тоҷикон расман 9 сентябри соли 1991 таъсис ёфт.

Мусаллам аст, ки заминагузории Истиқлоли миллӣ дар авоили қарни 20-ум бо ҷонбозиҳои бархе аз фарзонафарзандони халқи тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра ба вуқуъ пайваста буд.

Хушбахтона, дар замони Истиқлол бо ташаббуси Пешвои миллат бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармардони миллат дар роҳи расидан ба озодиву ваҳдатофаринӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта бошад, аз тарафи дигар халқи тоҷик Истиқлол ва Сарвари маҳбуби худро пайдо намуд.

Президенти мамлакат аз рӯзи нахустини ҳокимияти худ ба майдони сиёсат ворид шуда, бо хиради сиёсии волову маҳорати баланди роҳбарии хеш ба хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз камари ҳиммат баст.

Дар пайи таъмин намудани сулҳу субот нафарони гурезаеро, ки аз таъсири ҷанги «бародаркуш» тарки диёри падарӣ карда буданд, дубора ба Ватан баргардониданд.

Бояд гуфт, ки муҳимтарин ва волотарин арзиши ба дастомада барои халқи тоҷик дар замони соҳибихтиёрии мамлакат ин бевосита ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Пешвои миллат ба майдони сиёсат омадан замон дар рушди стратегии Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар қабул намудани Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, пули миллӣ асос гузоштанд.

Маҳз, ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дорои амнияту сулҳу суботи пойдор шинохта шудааст.

Ҳамзамон, Пешвои миллат масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

 Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Дар ҷаҳони муосир, ки тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ ҷараён дорад, тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан аз муҳимтарин омили пешрафту побарҷоии мамлакат арзёбӣ мегардад, ки ин раванд Истиқлоли давлатро комилан ҳифз намуда, амнияти мамлакату оромии ҷомеаро таъмин ва манфиатҳои миллатро пуштибонӣ менамояд.

Халқи тоҷик дар симои Пешвои миллат – шахсияти хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои воқеии худро пайдо намуд. Воқеан ҳам, таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бидуни заҳмату талош ва хизматҳои шабонарӯзии Президенти он тасаввур кардан имконнопазир аст.

Чунки ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо назир надорад.

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират 

Previous Post

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Next Post

Next Post

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.