Сулҳу оромӣ, амнияту суботи сиёсӣ ва осоиштагӣ арзишҳое мебошанд, ки барои ҳар як миллату давлат дар ҳама давру замон муҳиманд.
Ҳифзи марзу бум ва якпорчагии давлату ҷомеа бе нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи сиёсӣ имконнопазир аст.
Маҳз бо роҳнамоӣ ва талошу заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода, марҳила ба марҳила устувору қудратманд гардид.
Гуфта шуд, ки соли 1993 барои низомиёни ҷумҳурӣ соли таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Аз ин рӯ, ҳиссаи Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне истиқлолияти давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсис то имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи марзу буми мамлакат, тинҷиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу амнияти давлат нақши шоиста мегузорад.
Таъкид шуд, ки ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад.
Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад.
Имрӯз артиши мо таъминкунандаи амнияти ҳар як сокини кишвар буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касби ташкил медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз он мушкилоту норасоие, ки дар солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ вуҷуд дошт, аз ҷумла норасоии афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруву тавоноии бузургро касб намуда, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу кор, садоқат ба савганд вазифаи аввалиндараҷаи хеш қарор дода, ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаи ҷомеаро анҷом медиҳанд.
Мо бо як боварии том гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси миллати куҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро ҷавонмардона пос медоранд.
Зеро Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст.
Ватан модар аст.
Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус ва ватандӯсту миллатпарвар азиз ва муқаддас аст.
Имрӯз ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода кардани ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии наваскарон вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст.
Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст.
Таҷлил аз рӯзи Артиши миллӣ ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоса дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз сурат мегирад. Рӯзи Артиш ҷашни тавонмандию қудрат аст, ки фазои идонаро дар саросари Тоҷикистони маҳбуб падид меоварад.
Истифода аз фурсати муносиб тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ин ҷашни фархунда муборак гуфта, дар корҳоятон барору комёбӣ, дар рӯзгоратон хушию осудагӣ, табъи болида, хотири ҷамъ ва хоҳони он ҳастем, ки ҳаётатон ҳамвору, саршори меҳру муҳаббату саодат бошад.
Шӯрои бонувони Хадамоти муҳоҷират