Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо афзун гашта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт.
Мутаассифона, баъзе шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое пайдо шуда истодаанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ месозанд. Гарчанде замона пеш рафта истода бошад ҳам, ҳастанд шахсиятҳое, ки то ҳол мазмуну амали чунин ибораҳо ё хатари оқибати онро сарфаҳм намераванд ва даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд.
Ташкилоти террористиву экстремистӣ асосан ҷавонони бесаводу ноогоҳро ба боварии худ медароранд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Аммо таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки шахсони гумроҳшуда ба лӯхтаки зархаридони хориҷӣ ва баъзе доираҳои манфиатҷӯй табдил ёфта, оқибати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг меанҷомад. Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад.
Амалҳои содирнамудаи террористон гувоҳи он аст, ки имрӯз ягон кишвари дунё аз хатарҳои террористӣ эмин нест. Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангини зидди инсоният аст. Имрӯз террористон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳама роҳу восита истифода мекунанд.
Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз он ҷумла, терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст, ки бо мутолиаи маводҳои илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад.
Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират