Масъалае, ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, мавзуи нав нест. Тадқиқотҳои охирини генетикӣ ва археологӣ аз он дарак медиҳанд, ки раванд ва ҷараёни муҳоҷират беш аз ду миллион сол аст, ки вуҷуд дорад. Шарҳи мафҳуми истилоҳии муҳоҷират ё таърифи илмии он мазмуни куллии равандро баён мекунад. Яъне ҳама гуна ҳаракати ҳудудии аҳолиро, ки бо убури сарҳади берунӣ ва дохилӣ бо мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат ё иқомати муваққатӣ барои таҳсил ё фаъолияти меҳнатӣ, сарфи назар аз он ки зери таъсири омилҳои ҷалб ё фишор ба вуқӯъ мепайвандад, муҳоҷират мегӯянд.
Аз ин таъриф бармеояд, ки дар умум чор намуди муҳоҷират мавҷуданд: доимӣ, муваққатӣ, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ.
Агар тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ ба беш аз 300 миллион нафар расида, анқариби 4% аҳолии ҷаҳонро ташкил дода, танҳо беш аз 4 миллион шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна дар Федератсияи Россия қарор дошта бошанд ва тамоюли болоравии ин рақамҳову фоизҳо пешбининашавандаву пешгиринашавандаанд, меарзад то ба ин мавзуъ ва таъсиру паёмадҳои мусбату манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
Ин масъала ба андозае муҳим ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии муҳоҷир ба андозае мазмуни сиёсӣ ва зери таваҷҷуҳи созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 18-уми декабрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон эълом кард.
Агар имрӯз давлатҳои бо мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнат маҷбуранд, ки бо таҳияи барномаҳои махсус ва муҳайёи имтиёзҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалбу даъват намоянд (чун барномаи Переселение дар Федератсияи Россия ё Грин картаи Амрико, барномаҳои мухталифи ҷалби муҳоҷирони Аморати муттаҳидаи Араб, Сербия, Португалия, Эквадор, Германия), пас, кишварҳое, ки ҷараёни муҳоҷират дар онҳо зиёд аст, ночору ноилоҷанд то барномаҳои махсуси зидди муҳоҷиратро таҳия намоянду дар амалӣ сохтани он сахт кӯшо бошанд.
Агар ба харитаи раванди муҳоҷират як назар афканем, муҳоҷирони кишварҳои дунё, ки чанд насли пешашон барои дарёфти зиндагии шоиста тарки диёр кардаанд, имрӯз боз, ҳарчанд хӯрҷини моддияшон пур аст, пуштора карда, дар ҷустуҷӯву кофтукови муҳити амну амоне ҳастанд, ки боду ҳавои тоза дошта бошад, табиати зебову бе ғашу олоиш дошта бошад, осмони софу нилгуни афсонавӣ дошта бошад ва муҳим аз ҳама ғизои табииву ғайри сунъӣ ва мардуме, ки фарҳанги писар ғамгусори падар то дами охирин бошад, ҳастанд.
Таърих гувоҳ аст, ки баргашти муҳоҷирон ногузир аст. Имрӯз агар ин муҳитро мардуме тарк мекунад, ки хуну чеҳраи тоҷикона дорад, шояд муқимшудагони оянда аздастдодагони сириштмоя (генофонд) бошанд ва ё тамоман як халқияту як миллати дигар. Агар генофонди миллат сарнавишти таърихии миллат ва имрӯзу фардои онро муайян намояд, муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавӣ зарбаи сахт ва эҳтимоли нест кардани сириштмояи миллатро дорад.
Имрӯз дар шароити тағйирёбандаи вазъи ҷаҳонӣ, танзими самараноки равандҳои муҳоҷират яке аз вазифаҳои калидии давлат маҳсуб мегардад. Ҳукумати кишвар ҷиҳати банақшагирии дурусти стратегия ва танзими фарогири равандҳои муҳоҷират чораҳои таъхирнопазир меандешад. Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040-ро дар бар мегирад. Тақвият бахшидани раванди муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам яке аз ҳадафҳои асосии “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, мебошад.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади ба танзим дарованди раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат Стратегияи мазкурро қабул намуд, ки он тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро мегирад.
Стратегияи мазкур иқдомоти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ барои Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират, бо ба инобат гирифтани шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбии устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ, таҳия гардидааст.
Ин Страгеия дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати экологӣ, гурезагон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониторинг ва арзёбии Стратегия ва ғайраҳо, аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме ҳастанд, ки бояд дар доираи ин Стратегия амалӣ шаванд.
Бояд гуфт, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Бо назардошти муҳим будани ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, инчунин барои танзими комили он назди давлату ҷомеа ҳамоно саволҳои марбут ба беҳтарсозии авзои муҳоҷиратӣ, истифодаи тарафҳои мусбати он ва ҳалли ҷанбаҳои манфии равандҳои ҷории муҳоҷират ҷавоб мехоҳад.
Файзализода Сафаралӣ,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе