Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид кардаанд:
“Ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад”.
Имрӯзҳо дар қаламрави кишварамон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта истодааст.
Дар ин раванд, дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад, ки дар он саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ низ назаррас мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки нафароне, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамеша дар пайи ободиву шукуфоии ватананд ва пайваста саъй мекунанд гӯшаеро обод созанд.
Маҳз, бо иқдоми шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти С. Раҳимов зиёда аз 300 – (се сад) ҳазор сомонӣ, Ҷамоати деҳоти Танобчӣ ба маблағи зиёда аз 170 – (як саду ҳафтод) ҳазор сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Кушктеппа ба малағи зиёда аз 84 – (ҳаштоду чор) ҳазор сомонӣ, Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ зиёда аз 127 – (як саду бисту ҳафт) ҳазор сомонӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд бошад зиёда аз 40 – (чил) ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағӣ 721 – (ҳафсаду бисту як ҳазор) сомонӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҷамъварӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаҳо бо маром идома дорад.
Аз ҷумла, қайд кардан ба маврид аст, ки сохтмони ҷуйҳои битонӣ ва сангфарш намудани роҳҳои байни маҳалла, инчунин, дар рафти суҳбат бо раиси Ҷамоати деҳоти С. Раҳимов Хайруллозода Шеравган иттилоъ дод, ки бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ чароғонкунонии роҳи маркази деҳа идома дорад, ки рӯзҳои наздик ба итмом мерасад.
Имрӯз шукр мекунем, ки бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як Ватани тинҷу обод дорем, ки мардумонаш серу пур ва осудаҳолона зиндагӣ доранд.
Бигузор ҷавонони мо бо масъулияти баланд ба Ватан, миллат ва давлати хеш содиқона хизмат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон