• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Саҳмгузории шаҳрвандон барои аз байн бурдани коррупсия

Migration Service by Migration Service
23.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Саҳмгузории шаҳрвандон барои аз байн бурдани коррупсия
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Дaр aсоси омӯзиши сaрчaшмaҳои илмӣ вa фикру aқидaҳои олимони соҳa бa хулосa омaдaн мумкин aст, ки якчaнд омилҳои мусоидaткунaндa бaрои содиршaвии aмaлҳои коррупсионӣ мaвҷуд мебошанд. Aз ҷумлa, пaст будaни сaтҳу фaҳмиши ҳуқуқии шaҳрвaндон нисбaт ба чунин ҳуқуқвaйронкунӣ дaр ҷомеa, риоя нaшудaни қонун вa тaртиботи ҳуқуқӣ, пaст будaни вaзъи иқтисодии ҷомеa, рaд нaмудaни принсипи мустaқилияти тaрaфҳо вa дaхолaт бa сaлоҳияти дигaр мaқомот мебошад.

Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8-уми сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуданд: “Ба мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯ ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем”. Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999, “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)”, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10-уми декабри соли 1999 заминаи марҳалаи сифатан нави мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ибтидо гузошт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ ташкилоти ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати ҷилавгирӣ аз коррупсия тадбирҳои судманд андешида шуда, қонун ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул гардида, он мавриди иҷроиш қарор дорад.

Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар муқобили ин зуҳуроти номатлуб ва решакан намудани он дар байни ҷомеа, ин дар қонунгузорӣ пешбинӣ намудани ҷавобгарӣ мебошад. Вобаста ба кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ҳам дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки яке аз усулҳои муҳимми мубориза бо коррупсия ин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Чунки бо ин роҳ метавон дар зеҳни шаҳрвандон ҳисси мубориза ба ин зуҳуроти номатлубро бедор намуд ва ин барои саҳмгузории шаҳрвандон барои аз байн бурдани коррупсия мусоидат менамояд.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Next Post

Мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Next Post
Мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.