• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Саҳми муҳоҷират дар рушди ҷомеа

Migration Service by Migration Service
13.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Саҳми муҳоҷират дар рушди ҷомеа
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуд ва 4 декабри соли 2000 ин санаро ба расмият даровард.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар оғози асри 21 ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфтааст. Солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё меафзояд. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз роҳҳои ворид намудани маблағ ба буҷаи оила мебошад. Муҳоҷирон аз ҳисоби кор дар хориҷа маблағ ба даст оварда, вазъи оилавии худро беҳтар мекунанд.

Аз ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни фаъолият технологияҳои навро аз худ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда,  тибқи  пешбиниҳои СММ, то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад.

Муҳоҷирати аҳолӣ дар таърихи башарият нақши барҷаста дошта, ба омилҳои асосии ин раванд сокиншавии инсон бо мақсади истифодаи заминҳои бекорхобида, рушди қувваҳои истеҳсолӣ, ташаккул ва омӯзиши ирқу нажод, забонҳо ва халқҳо иртибот дорад.

Ҳодисаҳои навини ҷомеа, махсусан ҷангҳои шаҳрвандӣ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва умуман шиддат гирифтани рақобатҳои давлатҳои абарқудрат миллату халқиятҳои гуногунро маҷбур сохтанд, ки ба худ номи гуреза ё муҳоҷир гиранд.

Омили дигари муҳоҷирати байналмилалии қувваҳои корӣ — ин нобаробарии тараққиёти иқтисодии ҷаҳонӣ, даромадҳо ва имкониятҳо дар давлатҳои алоҳида, алалхусус байни мамлакатҳои тараққикарда ва мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ сабаби зудҳаракатии одамон гардида, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд, дар маҷмуъ ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва қонеъсозии талаботи иҷтимоии он таъсиргузор аст. Муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳим дошта, сиёсати муфиди иқтисодию сиёсии давлатҳо бе назардошти ин падида ғайриимкон аст.

Бояд тазаккур дод, ки Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз 18 декабри соли 1990 қабул гардид. Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчии онро уҳдадор намудааст, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар он пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молу мулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд.

Тибқи муҳтавои ин Конвенсия, муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархӯрдор буда, ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шаванд.

Айни замон бо назардошти афзоиши шумораи муҳоҷирон дар сатҳи байналмилалӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва омилҳои иқтисодӣ, рушди номутаносиби демографӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷират аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули санади нави байналмилалӣ дар ин самт – Созишномаи ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар, бонизом ва мунтазам мавриди баррасии давлатҳо қарор дода шудааст. Созишномаи мазкур хислати тавсиявӣ дошта, муқаррарот ва принсипҳои асосии он дар асоси рӯзномаи ҷаҳонии рушд то давраи соли 2030 мутобиқ карда шудаанд ва дар он таваҷҷуҳи хоса ба соҳибихтиёрии миллии кишварҳо дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрӯз аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест. Тавре маълум аст, кишвари мо дорои аҳолии зиёди ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолии мамлакат беш аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамасола қариб 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Табиист, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ захираҳои бузурги қувваҳои кориро ба вуҷуд меорад ва дар хориҷ бо ҷойи кор таъмин намудани қисме аз онҳо ногузир аст. Аз ин рӯ,  масъалаи мазкур ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар равона гардидааст.

Аҳмедов М,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷиратдар шаҳри Исфара

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.