Тавре қаблан иттилоъ додем, 20–23 май дар пойтахти мамлакат Рӯзҳои Санкт–Петербург оғоз гардид, ки ба 35–солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт–Петербург бахшида шудааст.
Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт–Петербург баргузории вохӯриҳо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, нишастҳои тиҷоратию корӣ, намоишгоҳи аксҳо, барномаи фарҳангӣ, доир намудани амалиёти муштараки тиббӣ, табодули таҷрибаи маорифчиён, ҷавонон, сохторҳои сайёҳӣ ва шиносоӣ бо маконҳои сайёҳию таърихии Тоҷикистон гузашта истодааст.
Бояд гуфт, ки Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе дар таҳкиму густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкории гуногунҷанба байни Душанбе ва Санкт-Петербург саҳифаи нав боз намуда, барои дарёфти самту усулҳои тоза ва муайян кардани уфуқҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ёдовар мешавем, ки байни шаҳри Санкт-Петербург ва шаҳри Душанбе соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ баста шудааст.
Дар давоми сафар, намояндаи ҳайати Санкт-Петербург Директори Муассисаи давлатии худмухтори “Маркази захираҳои инсонӣ”-и шаҳри Санкт-Петербург Балабанов Сергей Аленксандрович ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе Норматов Диёр иштирок ва суханронӣ намуд.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Дар рафти суҳбат байни Муассисаи давлатии худмухтори “Маркази захираҳои инсонӣ”-и шаҳри Санкт-Петербург ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ дар ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2019 инҷониб, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия амал мекунад. Харитаи роҳ, ки чораҳои мушаххасро барои татбиқи ин Созишнома муайян мекунад, имзо шудааст. Корҳо мувофиқи талаботи алгоритми интихоби қувваи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия таҳия шудааст, анҷом дода мешаванд.
Дар фарҷомӣ вохӯрӣ Директори Муассисаи давлатии худмухтори “Маркази захираҳои инсонӣ”-и шаҳри Санкт-Петербург Балабанов Сергей Александрович аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дидан намуд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
