Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ҷавононро барои оянда муайян сохт. Худшиносиии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ аз муҳимтарин рукнҳову санадҳои даврони Истиқлолият аст. Имрӯз ҳар ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки шукуфоии давлату ҷомеа аз рафтору кирдори ӯ вобаста аст.
Имрӯзҳо ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархурди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва инчунин ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи нав қарор дорад. Дар баробари ин шабакаҳои интернетӣ яке аз воситаҳои паҳн намудани иттилоот ба шумор мераванд.
Дар ҷомеаи имрӯза аксари истифодабарандагонӣ шабакаи ҷаҳонии интернетро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар ин замина ба роҳ мондани сиёсати иттилоотӣ ва истифодаи дурусти он яке аз шартҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаҳони муосир ҳар иттилооте, ки пахш мешавад онро бояд аз диду салиқаи илмӣ таҳлил ва натиҷагирӣ намуд. Дар доираи фаҳму шуури худ ба он бархурд намуда, пайваста дар ҷустуҷӯӣ паҳлуҳои гуногуни норавшани он шуғл варзад.
Мусаллам аст, ки донистан аз ҷӯёӣ, пажуҳиш, хондан ва мушоҳидаю таҷриба ба даст меояд. Инсоне, ки аз ин мафҳумҳо дарку фаҳм намекунад, ҳатман дар зери таъсири андешаи дигарон мемонад.
Мутаассифона, дар ҷомеае, ки аксарияти ҷавононаш бесаводанд, чунин муносибат ба назар мерасад. Чун бесаводон ҳеҷ гоҳ намехоҳанд худро заҳмат диҳанд. Онҳо бо ҳамон андешаҳои аз ҷониби мутаваллиёни хориҷӣ ироашуда худро таскин медиҳанд, ки онҳоро аз андешидан, ҷустан ва бо чашми худ дидани ҷаҳон мунсариф намудааст. Вақте як инсон наметавонад чигунагии неку бад ва ё саҳеҳу ғалатро дар мизони андеша ва хиради худ баркашад, ӯ ҳатман пойбанди гуфтаҳои дигарон боқӣ мемонад.
Баъзан мардум ахбор ё маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тариқи расонаҳои гуногун баррасишавандаро бидунӣ ҳамагуна таҳлилу баррасӣ қабул менамоянд, ки амнияти ҷомеаро зери хатар мегузорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар қиёс ба солҳои пешин айни ҳол аксари ҷавонон вақти пурқимати худро ҳафтаҳову рӯзҳо ба мутолеаи иттилоот дар шабакаҳои интернетӣ ба воситаи телефони мобилӣ сипарӣ менамоянд.
Натиҷаи манфии ин омил дар он аст, ки фазои интернет, бинобар сабаби надоштани маҳдудият метавонад иттилооти таъсиррасон ба афкорро ба монанди парокандани маълумоти бардурӯғ, хурофотиву ифротгароӣ низ пахш менамоянд, ки боиси ноорому бесуботи дар ҷомеа гардад.
Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки ончие аз ҷониби расонаҳову шабакаҳои гуногуни интернетӣ пахшу нашр мешвад, гӯё барои манфиати онҳо кор мекунад, вале ин як воқеияти фиребо аст. Ҳеҷ гоҳ ҳеҷ қавме ва миллате дилаш ба ҳоли шумо насухтааст ва намесӯзад.
Дар ҷаҳони муосир ҷавонон барои қонеъ намудани талаботҳои худ дар муносибат бо ҷомеа зарурати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотҳои дар онҳо паҳншавандаро дуруст меҳисобанд, ки ғалат мебошад.
Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ воситае гардиданд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ онҳоро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Онҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ, ҷавононро ба доми гурӯҳҳои экстремистию террористи ҷалб менамоянд.
Хулоса, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ба шаклгирии мафкураи ҷавонону наврасон паҳнамоии иттилоот дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ нақши калидиро мебозад.
Яъне фазои интернетӣ метавонад барои тарбияи насли солими ҷомеа ва ҳам ифротӣ намудани насли наврас сарчашмаи асосии таблиғкунандаю инъикоскунанда дар фазои иттилоотӣ баромад намояд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ