Муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд ва омили муҳими таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат мебошад.
Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуби дилхоҳ ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳурот на танҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо зарар мерасонад, балки ба эътимоди шаҳрвандон, фазои соҳибкорӣ ва ҳисси адолату баробарӣ дар ҷомеа низ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои пешгирии ин падида, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими волоияти қонун тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.
Бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021–2025) тасдиқ гардиданд. Ин санади муҳими давлатӣ барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, такмили механизмҳои назорат, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби ҷомеа ба ин раванд заминаи зарурӣ фароҳам овард.
Пас аз анҷоми давраи пешбинишудаи марҳилаи якум, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи дуюм, солҳои 2026–2030, тасдиқ гардида, айни замон дар марҳилаи татбиқ қарор дорад. Ин идомаи мантиқии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия буда, зарурати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ташкилию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Яке аз омилҳои муҳими пешгирии коррупсия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт, махсусан, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва адолат аҳамияти хосса дорад. Оила ва муассисаҳои таълимӣ бояд дар ташаккули чунин арзишҳо саҳми муносиб гузоранд. Зеро эҳтиром ба қонун ва рад намудани ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ бояд ба як ҷузъи муҳими фарҳанги ҳуқуқии ҳар як шахс табдил ёбад.
Дар баъзе ҳолатҳо, надонистани талаботи қонунгузорӣ, муроҷиат ба миёнаравҳои ғайрирасмӣ ва бовар кардан ба ваъдаҳои шахсони манфиатҷӯ махсусан дар раванди амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар муҳоҷирати беруна метавонад шаҳрвандонро ба мушкилоти ҳуқуқӣ ва молиявӣ рӯ ба рӯ созад.
Дар марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 низ ҳадафи асосӣ пешгирии ин падида, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва хизматӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароитест, ки дар он ҳар як шаҳрванд тавонад ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳимоя намояд. Зеро ҷомеаи солим, рушди устувор ва эътимоди шаҳрвандон ба давлат аз муносибати масъулона ба қонун, адолат ва поквиҷдонии ҳар як шахс вобастагӣ дорад.
Алимардонов Фаридун,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

