Дар шароити нави инкишофи олам, ки муборизаи абарқудратҳо шиддат гирифтааст, дарки арзишҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи амнияти иҷтимоӣ, муқовимат ба экстремизм, терроризм ва радикализм муҳим аст.
Солҳои охир фаъолияти давлату Ҳукумат дар самти амнияти кишвар тақвият ёфта, ба ташаккули тафаккури сиёсии мардум, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва болоравии ҳисси худшиносиву худогоҳӣ заминаи мусоид гузоштааст.
Татбиқи амалии нишондиҳандаҳои асосии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи амният», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошад.
Дар ин радиф ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ҳиссагузор бошад.
Инчунин, тавассути баланд бардоштани дониши сиёсӣ, динӣ ва ҳуқуқии хеш, омӯзиши осори гаронбаҳои мутафаккирони тоҷик, тарғиби эҳтироми муқаддасоти миллӣ, хизмати софдилона ба Ватан-модар, ҳифзи ду кохи бузурги давлат Истиқлолият ва Ваҳдат сипари боэътимоди меҳан аз ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ гардем.
Дар чунин рӯҳия тарбия намудани наврасону ҷавонони кишвар барои теша ба решаи зуҳуроти бегонапарастӣ задан мусоидат менамояд. Раванди пуртазоди ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, неруи хешро ба муҳофизати якпорчагиву субботи кишвар равона созем.
Шерализода Носиралӣ,
мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе