• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

                Сиёсати зиддикоррупсионии пешвои миллат                           

Migration Service by Migration Service
08.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
                Сиёсати зиддикоррупсионии пешвои миллат                           
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

“Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайри мақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқии инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия дар баробари дигар таҳдидҳои замони муосир, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз проблемаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Перомуни ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар талошҳо оид ба таҳияи механизм ва роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муташаккилона идома доранд.

Ҳануз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шудаанд.

Баъди эълони Истиқлоли давлатӣ таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа ва давлат хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм зарурат ва муҳиммияти муаммоҳои коррупсия, пешгирӣ ва муқовимат бар зидди онҳоро масъалаи мубрам ва ҳалталаби руз дониста, як қатор чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуданд.

Дар шарҳи коррупсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 қайд намуданд, ки: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”. Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид иброз намудаанд, ки дар муқовимат бар зидди ин падидаҳои номатлуб, ҳамаи мо, яъне дар маҷмуъ тамоми аҳолии кишвар муборизаи оташнопазирро пеш гирем.

Сиёсати зиддикоррупсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он асос меёбад, ки чораҳои зиддикоррупсионӣ дар шакли механизми махсус таҳиягардидаи маҳдудиятҳо ба фаъолияти ҳамарузаи мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамгироӣ карда шуда, аз тарафи онҳо мунтазам анҷом дода мешавад.

Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ якчанд ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионӣ, аз қабили “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, минбаъд Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд, ки ин аз сиёсати комилан устуворонаи зиддикоррупсионии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Қабули стратегияҳо ҳамчун санади барномавии дурнамои миёна муҳлати сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имконияти боз ҳам фароҳам овардани фазои озоди сиёсии зиддикоррупсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, садди роҳи пешгирии ин падидаҳои номатлуб мегардад. Ҳамзамон қабули онҳо баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда шуда, поктинатӣ, шаффофият ва беғаразиро дар хизмати давлатӣ фароҳоам оварда, боиси паст кардани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта гашта, мунтазам бартараф намудани монеаҳои бамиёномада дар байни мақомотҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон равона карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки таъсиси мақомоти махсускардашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 иродаи қатъии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо мақсади муқовимати доимӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва расидан ба ҳамфикрии байни ҳамаи қувваҳои солими ҷомеа ва дар маҷмуъ дар амал ҷорӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ мебошад.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани кушишҳои зиддикоррупсионии давлат дар ҷумҳурӣ як қатор қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар муқовимат бар зидди коррупсия” аз 20 августи соли 2021 қабул карда шудааст. Қабули ин санадҳо ба инкишофу рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ба талаботи меъёрҳои пешбининамудаи Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди коррупсия заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Дар заминаи тадқиқу таҳлили тарбия, густариши муносибатҳои ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, муқовимат зидди амалҳои номатлуб нақши санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ низ мавқеи муҳим ва хосаро ишғол менамоянд. Дар ин самт, нақши Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “зидди коррупсия”, ки аз 3-юми октябри соли 2003 қабул шудааст ва қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 25-уми сентябри соли 2006 аз ҷониби Тоҷикистон ба имзо расида (бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми апрели соли 2008 таҳти №952 тасдиқ гардид) аст.

Конвенсияи мазкурро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти хатари коррупсия дар барҳам задани устуворӣ ва бехатарии ҷомеа ва таҳдиди он ба институтҳои демократӣ, арзишҳои ахлоқӣ, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ қабул намудаанд. Мақсад аз қабули ин Конвенсия аз он иборат аст, ки то чораҳои қатъӣ бар зидди коррупсия андешида шуда, муборизаи давлатҳо бар зидди он дар як самти муайян ба роҳ монда шавад.

Бояд қайд намуд, ки ҳамаи иқдомҳои дар боло номбаршуда бевосита таҷассумгари сиёсати зиддикоррупсионии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳанд. Маҳз, сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои зиддикоррупсионӣ фароҳам оварда шуда, чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бар зидди ин падидаи номатлуб пурзӯр шуда истодаанд.

Ахмедҷонова В,                                                    

Мутахасси пешбари шуъбаи  Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳри Хуҷанд

Previous Post

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби замон

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри  Истаравшан

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри  Истаравшан

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри  Истаравшан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.