Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд, ки дастури муҳим ва саривақтии роҳбари давлат маҳсуб меёбад.
Мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, риоя ва таъмин намудани волоияти қонун дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад, чунки маърифати ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқ ва амалияи ҳуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Инсон аз замони пайдоиши худ аз пайи омӯзиш ва донишандузӣ буда, танҳо пас аз соҳибмаърифат гардидан тамаддун офаридааст ва соҳибмаърифатии ӯ дар ҳар шакле зуҳур кардааст, аз қабили маърифати сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва маърифатҳои дигаре, ки ӯ офаридаву рушд додааст.
Дар ин робита метавон нақшу аҳамияти маърифати ҳуқуқиро дар муносибатҳои ҷамъиятию давлат ва умуман инсон махсус таъқид намуд.
Бешубҳа фақат одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро ба амал барорад ва инчунин ҳуқуқҳои поймолгардидаи дигар шахсонро барқарор кунад.
Шахс дар муносибати ҳуқуқӣ ворид шуда мефаҳмад, ки ба ҳуқуқу озодиҳояш баҳо дода метавонад ва онро дар ҳаёт амалӣ истифода мебарад. Дар натиҷа ӯ аз амалиёти худ қонеъ мешавад. Ба ин пеш аз ҳама малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ кӯмак менамояд.
Мақсади асоси баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ барои он зарур аст, ки шаҳрвандон ва ҷомеа дар фаъолияти рӯзмараи хеш аз донишҳои ҳуқуқӣ самаранок истифода баранд.
Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳс, нишонаи баланди маърифатнокии ӯ мебошад.
Баръакс надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худи одам ба ҳисоб меравад.
Барои ҳамин дар раванди ташаккулёбии маърифати ҳуқуқии инсон донишҳои ҳуқуқӣ таҷриба ва малакаҳо нақши муҳимро мебозанд.
Сатҳи кофии дониш ва малакаҳои амалии шахс метавонад роҳҳои ҳалли мусбии мушкилиҳоро дарёфта онҳоро бартараф созад.
Шахс ҳолати воқеии корҳоро дониста бо қонунгузор, худтатбиқкунандагон шаҳрвандон ва ҷомеа бояд роҳҳои расидан ба арзишҳои сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини адолати иҷтимоиро дар ҳамбастагӣ бо якдигар такмил диҳад.
Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми васеъ мебошад, ки мазмуни мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад (муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳукуқӣ, қонуният, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо).
Мазмуну мундариҷаи ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро ба таври мушаххас дида мебароем ва муайян мегардад, ки то чи андоза донистан ва татбиқ кардани онҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мо зарур аст.
Муносибати ҳуқуқӣ, муносибати ҷамъиятие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар мегирад ва бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дорои ҳуқуқ мебошанд.
Дорои ҳуқуқ будан, иштирокчиёнро вазифадор менамояд, ки уҳдадориҳои муайянро ба ҷо оваранд.
Қонуният инчунин ҳолати низоми ҳуқуқии давлат мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар қонунҳо инъикос гардидаанд, даққиқ ва бечунучаро риоя мешавад.
Тартиботи ҳуқуқӣ натиҷаи қонуният, ҳолати муносибатҳои ҷамъиятии ба тартиб даровардашуда мебошад, ки дар ҳуқуқ ва қонуният инъикос меёбад.
Рафтори ҳуқуқӣ рафтори қонунӣ аст, ки ба талаботи ҳуқуқ ҷавоб медиҳад.
Қисмати дигари маърифати ҳуқуқӣ ин шуури ҳуқуқӣ мебошад, ки маърифати ҳуқуқии ҷомеа аз шуури ҳуқуқӣ вобастагии зич дорад.
Яъне маърифати ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чи андоза арзишҳои ҳуқуқиро медонанд ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот доранд, муносибати аҳолӣ бо ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чи андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд вобаста мебошад.
Шуури ҳуқуқӣ ҳамчун унсури фарҳанги ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ки дар марҳилаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳам дар марҳилаи татбиқи ҳуқуқ амал мекунад.
Он вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, донишҳои аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳуқуқии одамон ифода меёбад.
Сатҳи шуури ҳуқуқиро метавон танҳо дар амалияи воқеии ҳуқуқ қайд кард.
Шуури ҳуқуқӣ дар марҳилаи татбиқи ҳуқуқ ва уҳдадорихои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад.
Ҷудо намудани унсурҳои таркибии маърифати ҳуқуқӣ шартӣ мебошад.
Зеро фаъолияти ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки ҷудо аз шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва ҳамзамон шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва натиҷаи он санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ифода меёбад.
Маърифати ҳуқуқӣ бе инсон, гурӯҳи одамон ва аҳолӣ дар ягонагӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Доир ба маърифати ҳуқуқӣ шахс аз руйи рафтори ӯ дар соҳаи ҳуқуқ дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.
Бешак ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ ба ҳамдигар вобастагии зич дошта дар ин ҷода барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули сифатҳои ҳуқуқии инсон мусоидат менамояд, ки ҳамаи ин омили пешрафти давлати мо, боиси ташаккули ҷомеаи ҳуқуқии пешрафта, устувории қонуният сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ хоҳад гардид.
Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар давлати мо низоми ҳуқуқии хеле мутараққӣ ва муосир амал мекунад.
Мақсади асосии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст, қонунҳо барномаҳо, санадҳои ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки як қатор масъалаҳои оид ба такмил додани қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳо, рушди ёрии ройгон беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва самтҳои дигарро дар бар мегиранд.
Ин кушишу талошҳои ояндасозро ба назар гирифта моро зарур аст, ки бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ, фарҳанги баланд ва неруи ақлонии худро ба кор бурда, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда барои мустаҳкамии давлати соҳибистиқлоли худ саҳми босазову арзанда гузорем.
Ғайбуллоев Баҳрулло,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ