Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия, пешгирии кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои ҷиноятӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи наврасон дар руҳияи меҳанпарастӣ маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст.
Сатҳи баланди ташвиқу тарғиби Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат буда, шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон масъулиятнок бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода баранд ва дар ҷамъият рафтори шоиста дошта, худогоҳу ватандӯст бошанд.
Иштирокчиён даъват шуданд, ки дар ҳифзи суботу оромӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки аҳли ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат онро дастгирӣ намуд.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, он ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти хатарзо) ва ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон