Тибқи фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷират дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷишҳои ғайринавбатӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» ва «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла, муовини сардори Раёсат Аҳадзода Алишер, мудири бахши молия Шерализода Носиралӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Сафаров Фаридун, ки ба гурӯҳи кории Хадамот шомиланд, вохӯрии навбатиро бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, вобаста ба ворид гардидани тағйирот ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, суҳбати муфид анҷом доданд.
Дар суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути парвоз азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфта, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар мӯҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон Аҳадзода Алишер, дар суҳбат ба шаҳрвандон оиди хатари терроризм ва экстремизм сухан гуфта, қайд кард, ки имрӯз терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гаштааст. Ин зуҳурот дар ин ё он сатҳ ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеагӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрӯз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама, хатари зиёд ба бехатарии давлатҳо дорад, оқибати он зарари зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва равонӣ мегардад. Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиёти террористӣ, зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кӯдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин зарарҳои калони моддӣ расонидашуда, арзёбӣ мешавад.
Чунин гурӯҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерӯи тарғибгари сиёсӣ низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд.
Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрӯз мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо мубориза барои ҳаёт барои бақо мебошад.
Дар рафти суҳбат Аҳадзода А., бори дигар шаҳрвандони ҷумҳуриро таъкид намуд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар худро аз шахсони ношинос канора гиранд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд, ки барои худ ва волидайни худ мусибат наоранд.
Дар хатми суҳбат, ба ҳар як шаҳрванд буклету варақаҳои иттилоотӣ «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Памятка трудовому мигранту-гражданину Республики Таджикистан, выезжающему в Российскую Федерацию», «Как получить патент для работы в Российской Федерации», Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҶСК “НБО Роғун”, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ супорида шуд.
Кор дар ин самт идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе