Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи нақшаи мувофиқашудаи корҳои амалишаванда вобаста ба соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ”, “300 рӯзи ободонию бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ва “365 рўзи ободонӣ ва бунёдкорӣ” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайъати гурӯҳи кории муштарак, бо иштироки Вализода Муҳаммад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, Ҳайдаров Муҳаммад – мудири бахши оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросим, Қаюмов Сайёд – мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти муҳоҷират Баротов Илҳом, Бобозода Рузафзун –Директори Маркази пешгирии мубориза ба зидди ВНМО бо сокинону аҳли заҳмати деҳаи Фируз мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба моҳияти сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат дар шароити ҳассоси ҷомеаи муосир, масъалаи баланд бардоштани ҳувияти насли ҷавон ва хушбин будан ба имрӯзу ояндаи кишвар, қадр кардани хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии мамлакат ибрози андеша намуда, бо мисолҳои мушаххас дар бораи дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон иштирокчиёнро ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, тарбияи дурӯсти насли ҷавон, пешгириии хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ таблиғ намуданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ростои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо дар арафаи он қарор доранд, бояд аз ҳарвақта дида ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳои дохилӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманду муҳтоҷи ёрӣ ва бунёди иншоотҳои гуногун бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.
Дар баробари дигар масъалаҳои афзалиятнок баромадкунандагон доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии хуроки чорво ва омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии саривақтии зироатҳои ғалладона изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки бояд ҳар як сокини ноҳия тибқи дастури раҳнамунсози Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад. Қайд гардид, ки ҳосили зироатҳои имсолаи кишоварзӣ ва нашъу намои онҳо дар саҳро дар муқоиса ба солҳои гузашта дар сатҳи олӣ буда, лозим аст, ки барои ҷамъоварии беталафи он заминдорону хоҷагидорон ҳар чӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баротов Илҳом доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

