Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи нақшаи мувофиқашудаи корҳои амалишаванда вобаста ба соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ”, “300 рӯзи ободонию бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ва “365 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Саймуминободи Ҷамоати деҳоти Гурдоварони ноҳияи Темурмалик доир гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба моҳияти сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат дар шароити ҳассоси ҷомеаи муосир, масъалаи баланд бардоштани ҳувияти насли ҷавон ва хушбин будан ба имрӯзу ояндаи кишвар, қадр кардани хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии мамлакат ибрози андеша намуда, бо мисолҳои мушаххас дар бораи дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон иштирокчиёнро ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, тарбияи дурӯсти насли ҷавон, пешгириии хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ таблиғ намуданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ростои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо дар арафаи он қарор доранд, бояд аз ҳарвақта дида ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳои дохилӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманду муҳтоҷи ёрӣ ва бунёди иншоотҳои гуногун бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафаров баромад намуда, ба таври саҳеҳ вобаста ба рафти корҳои мавсимӣ дар Федератсияи Россия, давлатҳои хориҷа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот доданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

