Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб мунтазам идома дорад.
Ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва пешгирии қонуншиканиҳо дар раванди муҳоҷират мебошад.
Дар рафти мулоқот ба шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассиси пешбари шуъба Абдулфайз Сафаров доир ба як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин намудани шаҳрвандон – муҳоҷирони ба Ватан бозгашта бо ҷойи кори доимӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ пеш аз сафар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванде, ки нияти сафар ба ин кишварро дорад, бояд пеш аз ҳама аз талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад ва онҳоро қатъиян риоя намояд.
Зикр карда шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд дар муҳлати на дертар аз ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ба мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳангоми сафар тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро, аз ҷумла маълумотномаи тиббӣ оид ба набудани бемориҳои сироятӣ, маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбро ҳатман бо худ дошта бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

