Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кулоб гузаронидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба талаботҳои муҳоҷирати бехатар ва дар канор будан аз гуруҳҳои террористию экстремистӣ, ҳамарӯза дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб” баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти вохурӣ кормандони масъули шуъба, ба таври саҳеҳ вобаста ба рафти корҳои мавсимӣ дар Федератсияи Россия, давлатҳои хориҷа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот доданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар ҷараёни вохурӣ мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Абдулфайз Сафаров доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гуруҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Инчунин, шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки барои гирифтани патент дар муддати 30-рӯзи тақвими аз рӯзи воридшавӣ ба Федератсияи Россия Шумо шахсан ё тавассути субъекти ваколатдори давлатӣ ҳуҷатҳои зарурӣ аз қабили ариза оиди, гирифтани патент, корти муҳоҷират бо нишон додани кор ҳамчун мақсади сафар ба Федератсияи Россия ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро,ки аз ҷониби Федератсияи Россия эътироф шудаанд ба ВКД ФР дар самти муҳоҷират пешниҳод карданатон ҳатмӣ мебошад.
Дар охир аз ҷониби кормандон ба шаҳрвандон брошюраҳои Хадамоти муҳоҷират ва роҳнамоӣ пеш аз сафар оиди фаъолияти меҳнатӣ дар каламрави Федератсияи Россия тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

