Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии диёр бо сокинони деҳаҳои Роҳи нав ва С. Худойқулови Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин мулоқоти судманд барпо намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрии мазкур таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа буда, он ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон