Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024, оид ба муҳоҷирати бехатар, омодагӣ пеш аз сафар ба кишвари Россия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр мулоқот баргузор карда шуд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон вобаста ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани Патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал овард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрўза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Аз ҷумла, ба саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки дар хориҷи кишвар худро аз таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, рў овардан ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар гурўҳҳои ҷинояткор дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бо назардошти ин ба сокинони шаҳр таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд.
Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмара амалӣ намоянд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа буда, он ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон