• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Таҳамулпазирӣ роҳ ба сӯи ҳамдилӣ

Migration Service by Migration Service
04.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Таҳамулпазирӣ роҳ ба сӯи ҳамдилӣ
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар таърихи миллати тоҷик истифода шудани фарҳанги баланди таҳаммулпазирӣ борҳо собит гардидааст. Дар мавриди таҳқиқи арзишҳои таҳаммулпазирӣ аён мегардад, ки ташаккули андешаҳо бобати таҳаммулпешагӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсии гузаштагонамон истифода шуда, ташаккул ёфтааст.

Истилоҳи “таҳаммулпазирӣ” аз ду вожа: калимаи арабии “таҳаммул” ва калимаи тоҷикии “пазируфтан” сохта шудааст. Вожаи арабии “таҳаммул” маъноҳои “бардоштан, ба гардан гирифтан, босабр будан”-ро ифода менамояд. Калимаи “пазируфтан” муродифи “қабул кардан”  аст. Ҳамин тариқ, мафҳуми “таҳаммулпазирӣ” ҳолати босабру таҳаммул будани шахс, гуруҳ, ниҳод, ташкилот ва ё ҷомеаро нисбат ба арзишҳо, фарҳангҳо, ҷаҳонбинӣ, анъана, тарзи зиндагӣ ва урфу одати дигар шахс, гурӯҳ, ниҳод, ташкилот ва ё ҷомеаро дар назар дорад.

Дар адабиёти илмӣ ба ин мафҳум таърифҳои гуногун дода шудааст. Аз ҷумла, Бобоева И.А. дар робита ба ин мафҳум чунин изҳори назар намудааст: “Таҳаммулпазирӣ тарзи зиндагонӣ бидуни расонидани халал ба дигарон, қобилияти ҳуқуқу озодиҳои дигаронро вайрон накарда, ҳуқуқу озодиҳо доштан аст. Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки асоси демократия ва ҳуқуқҳои инсонро низ таҳаммулпазирӣ ташкил мекунад. Таҳаммулгароӣ – сулҳдӯстӣ, тоқатпазирӣ нисбат ба ихтилофҳои этникӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва байнишахсиятӣ, эътирофи имконияти мавҷудияти баробарҳуқӯқӣ “ғайр” мебошад”.

Дар ин маврид хотирасон бояд кард, ки шахс, ниҳод ё фарҳанги таҳаммулпазирии ҷомеа ба хубӣ дарк мекунад, ки фарҳанг ё ҷаҳонбинии ғайр ба ӯ қобили қабул нест, бо вуҷуди ин дар нисбати онҳо бошуурона рафтор намуда, онҳоро аз ҳаққи зистан ва фаъолият намудан бенасиб намегардонад. Пас, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳамчун сатҳи баланди камоли маънавӣ ё ҷаҳонбинии пешқадами шахс ё ниҳод ба зоҳир мерасад. Инсон худ дар камол аст, аз ҳеҷ чиз ҳазар надорад. Ҳар он чи ки ба арзиши шуури шахсият, шуури миллӣ ва таҳаммулпазирии байниэтникӣ тааллуқ дорад, аз рӯзҳои аввали ҳаёт дар оила ташаккул ёфта, бо воситаи риояи анъанаҳои миллӣ, урфу одат, суннатҳои ниёгон ва баъди дохил шудан ба мактаб ба фаъолияти одамон ислоҳот ворид намуда, дар тӯли ҳаёташон нигоҳ дошта мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро қайд менамоянд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироиии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт донистааст…

Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмиро таъминкунандаи осоиши зиндагӣ медонист:

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала таълимот ва андешаҳои ҳакимонаи бузургонро омӯзишу таҳқиқ намуда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагияш рӯ ба рӯ шудааст, ба хулосае омадааст, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад. Аз ин рӯ, вай фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию мутаҳиддӣ мебошад.

Таҳаммулпазирӣ дар тамоми соҳаҳое, ки муносибатҳои доимӣ ва мураккабу гуногунҷанбаи инсонҳоро тақозо менамоянд, муҳим мебошад, аммо бештар дар доираи муносибатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва миллию минтақавӣ ва хизмати давлатӣ аҳамияти хоссаро пайдо карда аст.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомад. Мардум дар тӯли ин солҳо аз мактаби боифтихори истиқлолият сабақҳои зиёд гирифта, аҳамияти осоишу ҳамзистии иҷтимоиро ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дарк кардааст. Ҳар фарди миллат шоҳиди заҳматҳои пайваста ва азхудгузаштагиҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фароҳам омадани низоми сиёсии устувори давлатдории миллӣ, зиндагии осоиштаи сокинон, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти пойдор мебошад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати тоҷик дар асл созандаву сулҳофар ва созгору таҳаммулпазир ҳастанд. Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ба даст омадани ризоияти миллӣ масъалаи сулҳи тоҷикон ва раванди оташбас яке аз мавзуъҳои мубрами омӯзиши коршиносони мухталифи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ гардидааст.

Таҳаммулпазирӣ муқобил маънои экстремизм ва ҳама гуна фитнаву фитнаандозӣ буда, мақсад аз омӯзиши он эмин нигоҳ доштани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз бетартибиҳои иҷтимоӣ, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳифзи устувори ҳамзистии осоиштаи сокинон, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад.

Қисми зиёди инсонияти солимфикр ҳамовози ташнагони сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиянд. Одамон мехоҳанд зебоиро бинанд, дӯст доранд ва маҳбубиятро эҳсос намоянд, оламро шиносанд ва онро мукаммал намоянд. Барои ин сулҳ ва иттиҳоди ҳамаи одамони курраи Замин лозим аст. Барои таъмин намудани сулҳ лозим аст, ки ҳар яки мо на танҳо ба тарбияи байнинажодӣ ва таҳаммулпазирии байни миллатҳо диққати ҷиддӣ диҳем, балки ба фарҳанги халқҳои тамоми рӯйи Замин низ самимона мароқ зоҳир намоем.

Назира Улуғбекова,

Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ

Previous Post

Занон – дар меҳвари Паём

Next Post

Шарҳу тавзеҳи Паём дар ноҳияи Файзобод

Next Post
Шарҳу тавзеҳи Паём дар ноҳияи Файзобод

Шарҳу тавзеҳи Паём дар ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.