Дар доираи нақшаи корӣ вобаста ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар шаҳри Душанбе» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо иштироки намояндагони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш вохӯрӣ доир гардид.
Бояд қайд кард, ки корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, инчунин муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъафурӯшӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ ва ташвиқи китобхониву китобдӯстиро дар бар гирифтанд.
Мулоқот дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо баргузор гардида, зимни он масъалаҳои дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан баррасӣ шуданд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои динии Тоҷикистонро таҳлили амиқ намуда, аз ҷумла чунин фармуданд:
«Таҳлилу баррасии иқдоми давоми беш аз 32 сол амалинамудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихиашро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро менамояд».
Ҳамзамон дар асоси ин қонун давлат таълими фанҳои диншиносиро, ки хусусияти иттилоотиву маърифатӣ дошта, бо анҷом додани ибодат ва расму суннатҳои динӣ доир намешаванд, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии давлатӣ дохил намуда метавонад.
Ин маънии онро дорад, ки давлат бо назардошти зарурат ва тақозои замон метавонад ба барномаи таълимии муассисаҳои давлатӣ фанни марбут ба диншиносиро ворид созад.
Дар робита ба ин, солҳои охир дар барномаи таълимии мактабҳои олӣ фанни диншиносӣ ворид шудааст, ки ин амал бисёр дурбинона ва саривақтӣ мебошад.
Зеро имрӯз омӯзиши фанни диншиносӣ барои ҷавонон бисёр муҳим буда, он то андозае дар баланд гардидани маърифати динӣ ва паст шудани тамоюли гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ мусоидат менамояд.
Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз чунин як вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони эҳтимолӣ дар назди собиқ бозори Султони Кабир низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе