Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремизми динӣ дар давраҳои сукути давлати бузурги шӯравӣ пайдо гардид. Аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ ва пош хӯрдани ҳокимияти шӯравӣ дар ҷаҳон дигаргуниҳои куллиро ба миён овард, аз ҷумла дар шуури одамон дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замона низ тағйир ёфт.
Соли 1990 аввалин маротиба аз ҷониби қувваҳои исломгароӣ тазоҳуроти ҳизбу ҷунбишҳои нав зери ниқоби нерӯи демократия, радикализми сиёсӣ доир гардид. Тоҷикистон дар баробари аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият аз тарафи душманони дохилӣ, мухолифини тоҷик ва аҷнабиёни хориҷӣ ба ҷанги щаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа ба як кишвари бесарвору парешон, пур аз низоъ ва вайрону фалаҷ мубаддал гардид. Нерӯи ниҳоӣ ва ҳаракатдиҳандаи ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои навбаромад, ҳизби мухолифин буд, ки чандин сол пештар дар қаламрави кишвар пинҳонӣ амал мекард. Аммо муддате нагузашта, аз оғоз ба гирдиҳамоию зӯровариҳо сар карда, бо вазнин гардидани вазъият хоки ватанро тарк намуда ба дигар давлатҳои исломӣ паноҳ бурданд.
Дар хориҷи кишвар қисмати ҳарбии мухолифин бо ҷараёну созмонҳои ифротӣ робита пайдо намуда, як қисмати онҳо дар марказҳо ва бошишгоҳҳои динӣ-экстремистӣ ҳамчун гурӯҳҳои террористӣ амал мекунанд.
Хулоса, ин гурӯҳҳои ифротгаро ба пешравии давлати мо монеъ мешаванд ва ҳаёти мардуми ободу осоиштаи кишварро халалдор месозанд, – бояд якдилона бар муқобилашон садо баланд кунем. нагузорем, ки сулҳи нозанини Ватани маҳбуб халалдор гардад.
Исмоилзода Муҳаммадисоқ,
Корманди бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират