Имрӯз, 5-уми сентябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба дастовардҳои замони истиқлол ва нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдату иттиҳоди миллат сухан гуфта, иброз намуд, имрӯзҳо миллати сарбаланди мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Воқеан Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ миллати мо имкон пайдо кард, ки дастовардҳои таърихии худро эҳё намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои асосиии давлатдорӣ, ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор гузорад.
Маҳз аз файзу баракату нерӯи истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем барои расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ устуворона қадам ниҳода, фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳо рӯз то рӯз тақвият бахшем.
Ҳамкорони гиромӣ, тавре огоҳ ҳастед, дар доираи ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ки ба мақсади таъмини некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст, 30 июни соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид.
Ин санади муҳим барои мо кормандони соҳа дар минбаъда ба сифати дастурамал ва асоси фаъолият истифода хоҳад гардид.
Тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ моро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созем.
Аз ин лиҳоз, мо, кормандони соҳаи муҳоҷират ҷиҳати дар иҷрои ин ҳадафҳо бояд аз пештара бисёртар кушишу талош варзем, то дар татбиқи босамари ин стратегия ҳиссаи амалии худро гузорем.
Илова бар ин, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақомоти татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират вазифадор ҳаст, ки дар самти танзими равандҳои муҳоҷират кушишу талош намоем, то ки масъалаҳо марбут ба муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ саривақт ва босифат ҳалли худро пайдо намояд.
Ба мо маълум аст, ки имрӯз қисме аз ҳамватанони мо ба мақсади беҳтарсозии вазъи иҷтимоии аҳлу оила фаъолияти меҳнатиашонро берун аз кишвар ба роҳ мондаанд, ки давлату ҳукумати мамлакат ҷиҳати танзими ин масъала тамоми тадбирҳои имконпазирро баҳри ҳифзи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини фаъолияти босамари меҳнатии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ шабакаи марказҳои забономӯзӣ ва касбомӯзиро таъсис намудааст, ки дар онҳо хоҳишмандон пеш аз сафар малакаву касбияти худро ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ соҳиби касбу кори муносиб мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки Хадамоти муҳоҷират дар доираи иҷрои супоришҳои ҳукумати мамлакат имрӯз бо даҳҳо кишвари ҷаҳон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баста, дар самти амалӣ намудани онҳо саҳми муҳим мегузорад. Иҷрои босифати ин вазифаҳо бошад, аз масъулиятшиносии ҳар яки мо вобастагии калон дорад, – афзуд Нодирзода Иматшо.
Ҳамзамон номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарофуддинов Суҳроб Саломович, ки дар ҷашни тантанавӣ иштирок дошт, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу суббот бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва саъю кӯшиши миллати ободгару созандаи тоҷик моро марҳила ба марҳила ба қуллаи мурод наздик мекунад.
Имрӯз яке аз мақсадҳои асосии ҳар давлати миллӣ таъмини шароити зиндагии сазовор барои шаҳрвандони худ мебошад.
Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста дорад ва давлат бояд барои таъмини он тамоми кӯшишу талошҳои худро анҷом диҳад.
Бинобар ин, Ҳукумати кишвар маҳз масъалаи баланд намудани сатҳи зиндагонии мардумро дар авлавият қарор дода, дар ин самт нақшаҳои ҷиддиро амалӣ менамояд.
Дар давоми сиву се сол ба шарофати роҳнамоӣ ва заҳмати софдилонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя намуда метавонад, ки Роҳбари оқилу доно ва Пешвои ватанпарвару дурнигар дошта бошад.
Дар интиҳои ҳамоиш як зумра кормандони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, гузоштани саҳми назаррас бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират