• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Тахти Сангин дар фазои ҷашни Истиқлол

Migration Service by Migration Service
27.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Тахти Сангин дар фазои ҷашни Истиқлол
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 июли соли 2026 бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахшҳои кор бо ҷавонон, варзиш, занон ва оила, инчунин бо иштироки фаъолони маҳаллӣ, дар деҳаҳои Роҳи Нав-1, Роҳи Нав-2 ва Зархоки Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатиро баргузор намуданд.

Чорабинӣ дар доираи нақшаҳои “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ”, “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ва бахшида ба эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баргузор гардида, ҳадафи асосии он таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҷалби сокинон ба корҳои ободонӣ буд.

Дар чорабинӣ сокинони деҳаҳо, ҷавонон, занону духтарон, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа иштироки фаъолона намуданд. Дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ наврасони мактаби варзишӣ қувваозмоӣ карданд.

Ҳамзамон, бо сокинон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор шуда, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла омодагӣ ба ҷашни Истиқлол, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, инчунин риояи қонунгузории давлатҳои қабулкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ бояд бо дониши кофии забон, соҳибкасбӣ ва риояи қонун амалӣ гардида, муҳоҷирон бояд ҳамчун намояндагони шоистаи миллати тоҷик обрӯи Ватанро дар хориҷи кишвар ҳифз намоянд.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, маҳсулоти дастӣ, либосҳои миллӣ ва дигар намунаҳои фарҳанги ғании тоҷикон ташкил гардида, ҳунару маҳорати сокинон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зимни суханрониҳо таъкид карда шуд, ки 35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад ва арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии худро ҳифз намояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо ташаббуси сокинон ва фаъолони деҳаҳо дар болои як қатор хонаҳои истиқоматӣ Парчами давлатӣ насб карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ дар дигар деҳаҳо ва ҷамоатҳои ноҳияи Қубодиён тибқи нақшаи тасдиқгардида идома дошта, онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва омодагии сазовор ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мегузоранд.

Алимардонов Фаридун.,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Previous Post

Вохӯрии саривақтӣ бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷоннок карда шуд

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷоннок карда шуд

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷоннок карда шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.