• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Танҳо ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона шудааст

Migration Service by Migration Service
26.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Танҳо ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона шудааст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷа сафари меҳнатӣ мекунанд, пурзӯр намуда истодаанд.

Вохӯрии навбатиро гурӯҳи кории Раёсат бо як зумра сокинони вилоят, ки азми сафари фаъолияти меҳнатӣ доранд, баргузор намуданд.

Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсат Исфандиёр Сироҷов ба ҳозирин дар бораи вазъӣ кунунии шаҳрвандони Ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар кишвари Россия қайд намуда таъкид сохт, ки айни замон вазъият дар Федератсияи Россия ором аст. Шахсоне, ки мехоҳанд фаъолияти меҳнатии худро дар ин кишвар давом диҳанд, бояд бе чуну чаро қоидаҳои будубош, қайди муваққатӣ, гирифтани патент ва қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ риоя намоянд.

Вақти он расидааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда бояд аз хатарҳои шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро канора гиранд. Бо шахсони ношинос ва ваъдаҳои бардурӯғи онҳо тез боварӣ ҳосил накарда, ба сохторҳои дахлдори кишвари қабулкунанда хабар диҳанд, то худро аз ин хатарҳои дар пеш меомада эмин нигоҳ доранд.

Дар рафти вохӯрӣ чанд сухан дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи кории Раёсат ҳангоми мулоқот бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, дар бораи терроризм ва экстремизм иброз намуда, қайд карданд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини экстремистию – террористӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Аз ҷумла, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланд пешниҳод намудани шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида онҳоро гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию – террористӣ ҷалб намоянд.

Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки падару модаронро зарур аст, ки аз фаъолияти меҳнатии фарзандонашон дар хориҷи кишвар огоҳ бошанду ҳамеша бо онҳо дар тамос бошанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо фарзанди боодоб ба падару модараш раҳмату офарин меорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бештари онро сокинони вилоят ташкил медиҳад, буклетҳо оид ба: Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад? Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ тақдим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома дорад

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома дорад

Суҳбату вохӯриҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.