Имрӯзҳо шомил шудани бархе наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро моро водор менамояд, ки нисбат ба амалӣ гардонидани уҳдадориҳо, вазифаҳо ва масъулияте, ки бар зиммаи ҳар як субъекти тарбия гузошта шудааст, бетараф набошем ва ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои насли наврас диққати бештар диҳем. Зеро ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят кардану баҳри онҳо ояндаи дурахшонро созгор намудан вазифаи инсондӯстона ва қарзи ҳар як фарди масъули тарбия аст.
Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба манъ ва тадбирҳои фаврӣ оид ба барҳам додани шаклҳои мухталифи меҳнати вазнини кӯдак, протоколҳои факултавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак марбут ба иштироки кӯдак дар низоъҳои мусаллаҳона ва хариду фурӯши кӯдакон ва як қатор санадҳои ба ин алоқамандро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, далели он аст, ки давлату миллат нисбат ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои насли наврас ва дур намудани онҳо аз каҷрафторҳову амалҳои ношоистаи онҳо бетараф нест.
Дар баробари ин ҳама ғамҳориҳои давлат моро зарур аст, ки бо масъулияти том ба тарбияи насли ояндасоз камари ҳиммат бандем. Сараввал бояд дарк кард, ки масъул будан чӣ мазмун дорад? Албатта, пеш бурдани раванди тарбия мушкил аст, аммо пурсабриву қавииродагии инсон метавонад аз болои ҳама мушкилот ғолиб ояд.
Илова бар, ин падару модар дар таълими фарзанд бояд ҷиддан машғул бошанд, ки онро бо чунин роҳҳо амалӣ гардонидан имконпазир аст: муҳайё кардани шароит дар таълиму тарбия, бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудани фарзанд, барои ӯ шароити муносиб муҳайё намудан зарур аст. Махсусан, дар пӯшидани либосҳои расмии мактабӣ аз ҷониби фарзанд падару модар бояд назорат намоянд. Волидайн метавонанд дар маҷлисҳои падару модарон, чорабиниҳои мактабӣ, дар раванди донишандӯзии фарзандашон ба дарсҳояшон иштирок намуда, ҳамкориро бо муаллимон, мураббиён ва устодон ҷоннок ба роҳ гузошта, бо ин восита ҳисси масъулиятнокиро пурзӯр гардонанд. Ба наврасону ҷавонон раҳнамое бояд буд, то ки дар ин замони пуртазод фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардиданду ояндаи хешро ба боди фано насупоранд.
Имрӯз зарур аст, ки натанҳо падару модарон ва омӯзгорон, балки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли ҷомеа барои беҳ гаштани шароити тарбия ва сифати таълим ҳиссагузор бошанд.
Тошмухамедова Шаҳноза,
сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси
Хадамоти муҳоҷират