Дар шароити феъли, ки бархурди фарҳангу тамаддунҳои бузург бо суръати бесобиқа ҷараён доранд равандҳои нав пайдо шудаанд, ки бевосита метавонанд ба ояндаи ҷавонон таъсири манфӣ расонанд.
Яке аз чунин зуҳуротҳои номатлуби аср ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, аз ҳама ташвишоварии он шомилшавии ҷавонон ба доми чунин гурӯҳҳои номатлуб мебошад, ки оқибатҳои нигаронкунда ва сангин ба бор меоварад.
Ҳеҷ ягон давлати дунё аз хатари терроризм ва экстремизм дар канор буда наметавонад ва дар алоҳидагӣ низ бар зидди чунин вабои аср мубориза бурда наметавонад.
Дар мубориза бо терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои тундрав, он методҳо аз усулҳои куҳна шояд кам самара диҳад, чунки имрӯз дунё дар таҳаввулот аст, ҳар рӯз дар тағйирот аст, аз ин рӯ усулҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ бояд такмил ёбанд, шакли нав гиранд бо усулҳои нав ба роҳ монда шаванд ва аз тарзу усулҳои гуногун бояд истифода бурд.
Дар ҷомеаи имрӯза се ниҳоде ҳаст, ки онҳо масъули асосии таълиму тарбияи ҷавонон ҳастанд, аз ҷумла оила, ҷомеа ва мактаб ба ҳисоб мераванд.
Дар оила бояд падару модар намуна бошанд ва дар таълиму тарбияи фарзандонашон сахтгир бошанд.
Яке аз вазифаҳои асосии падару модар тарбияи фарзанди солеҳ барои ин Ватан ва ин миллат аст.
Дар баробари ин тарбия кори доимӣ, мунтазам ва якумра аст, чун ин дар як моҳу як сол самара намедиҳад.
Дар муассисаҳои олӣ омӯзгор пеш аз ҳама бояд намуна бошад, дорои донишҳои замонавӣ ва қавӣ бошад, ки донишҷӯёнро қонеъ карда тавонад.
Бо доштани чунин устод шогирд пайравӣ мекунад.
Дар ҳоле, ки худи устод ҳам бо амал ва ҳам бо сухан ҳақиқатан ватандӯст аст, муқобил ба душманони ватану миллат аст, шогирдон албатта аз ин гуна устодон бечунучаро намунаи ибрат мегиранд.
Омили дигаре, ки аксари ҷавонон шомил ё мубталои доми гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, дар ин синну соле ҷавонон доранд на тафаккур пурра шакл гирифтаву мустаҳкам шудааст ва на аз ҷиҳати физикӣ онҳо ташаккул ёфтаанд дар баробари ин аз ҷиҳати зеҳнӣ хеле осебпазир мебошанд.
Дар ин гуна шароит дар бари онҳо будани волидайн, устодон ва умуман нафароне, ки ба тақдири каси дигар бетараф нестанд, бисёр зарур аст.
Аз ҳама муҳим дониши қавӣ доштани ҷавонон аст.
Бояд устодон ва умуман аҳли зиё ба ҷавонон омӯзанд, ки ин ватане, ки ба даст овардани истиқлолияташ 33-сол шуд Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати ормонӣ аст.
Дар тӯли таърих борҳо исбот шудааст, ки вақте ҷавонон, аксарияти шаҳрвандон ватандӯстанд, меҳнатдӯстанд, самимона ватанро дӯст медоранд, миллатро дӯст медоранд ва ҳамеша дониш меомӯзанд, ки ин ватанро созанд дар ин ҳол умри ин ватан, умри ин миллат дароз мешавад, чунки аз насл ба насл ончие мо мерос мегузорем ин ватан аст.
Дар ин сурат дар баробари терроризм, экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ягон натиҷаи назаррас расида метавонем.
Имрӯзҳо, мо мушоҳида менамоем, ки аз рӯи таҷриба дар бештари давлатҳои руи дунё аллакай бояд дар шароити феълӣ, ҳар фарди огоҳ агар заррае дарк карда тавонад, фаҳмиш дошта бошад, бояд арзиши истиқлолият, арзиши озодӣ, арзиши суботи сиёсӣ ва муқаддас будани ин неъматҳоро бидонад, чун бе доштани истиқлолият, амнияту оромӣ зиндагии ором нест.
Дар акси ҳол танҳо тахрибкорӣ, амалҳои зишт, қатлу куштор, ваҳшату ғоратгарӣ ҳаст, ки дар байни ҷомеаҳое, ки истиқлолу озодӣ надоранд ва ин ҳам бошад аз тарафи гурӯҳу ташкилотҳои махсусӣ террористиву экстремистӣ пиёда мешавад.
Барои мағзшуии ҷавонон имрӯзҳо гурӯҳҳои махсуси экстремистӣ тамомӣ воситаҳоро истифода намуда истодаанд.
Ба хусус шабакаҳои иҷтимоиро яке аз василаҳои муҳим барои ҷалби ҷавонон интихоб намудаанд. Бештари қишри ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо мутаассифона ками андар кам огоҳии сиёсӣ доранд, бо суханони гурӯҳҳои бадход додаву фирефтаи онҳо мешаванд.
Гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тамоюли бегонашавии ҷавонон ин огоҳии комил ва дарки воқеӣ надоштан аз равандҳои муосир ва пайрави ба нафароне, ки аз миллату тамаддуни мо огоҳӣ надорад.
Мутаассифона, баъзе аз ҷавонон воқеияти таърихию фарҳангиро дарк намекунанд ва ё ин, ки дарк кардан намехоҳанд.
Аз равандҳои таърихӣ ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир бар меояд, ки натанҳо инсон, фарҳанг ва таърих меофарад, балки таъриху фарҳанг низ шахсро ташаккул медиҳад.
Омилҳои дигаре аст, ки рӯ овардани ҷавононро ба ин падидаҳои номатлуб мусоидат намудааст.
Яке аз ин омилҳо бо суръати баланд рушд намудани фановариҳои технологӣ мебошад чун, ки дар баробари дастёб шудан ба технологияи муосир ҷомеаи моро холигии фазои маънавӣ фарогир шуд, ки ҷомеа сари вақт ба таҳдиду хатарҳо вокуниш надод.
Аз ин нуқтаи назар ҷавонон бо хусусиятҳои сину солии худ ҳамеша дар такопуву ҷустӯҷу ҳастанд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки як шароит ё имконотеро пайдо кунанд то мавқеи худро муаррифӣ намоянд.
Маҳз ҳамин холигӣ дар ҷавонон боис шуд, ки ба ақидаву равияҳои тундгароиву экстремистӣ ва ба миллати тоҷик бегона бипайванданд.
Масалаи дигаре, ки рӯ овардани ҷавонони моро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ водор намуд ин ҳисси бемасъулиятии ҷавонон мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон на танҳо бо дар назардошти огоҳии комил надоштан ба ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешаванд балки дидаву дониста ва бартари додани ғояву ақидаҳои ғаразнокашон онҳоро пайравӣ мекунанд.
Дар ин асос зарурат ба миён омад, ки назар ба насиҳатгӯиҳои оммавӣ аз роҳу усулҳои навӣ тарбияи ҷавонон истифода барем.
Барои ҷавонон идеалҳое, ки ба арзишҳ ои миллии кишвари азизамон асос ёфтаанд бояд муаррифӣ намоем, ки ҳавасмандие шавад барои ҷавонон то идеалҳои худро дар фарҳанги бегона дар гурӯҳҳое, ки ақидаҳояшон барои миллати мо хатарнок аст, наҷуянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти эҳсосӣ худшиносиву худогоҳии сокинон Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.
Дар асоси қонуни мазкур соли 2023 дар кишварамон, ҳамзамон дар асосӣ қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян гардид.
Нақши ин қонун дар боло бурдани эҳсосӣ ватандӯстии шаҳрвандон, бедор намудани ҳисси миллии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсосӣ масъулияти шаҳрвандӣ ва дар замири насли наврасу ҷавони кишвар пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси худшиносиву меҳанпарастӣ басо муҳим мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаҳони муосир, дар бархурди тамаддунҳо дар кишвари азизамон зарурат пеш омад то қонуни мазкур таҳия ва ба тасвиб расад.
Дар асоси ин қонун бори дигар ҳувияти милливу эҳсосӣ масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамзамон тарбияи ватандӯстии сокинон ба хусус ҷавонон баланд бардошта шавад.
Мутаасифона, баъзан ҷавонон аз паст будани маърифати сиёсӣ, надоштани саводи кофӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ҳамроҳ мешаванд, ки оқибати он бисёр ногувор аст.
Чи тавре дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидааст «Ҷавонон бояд илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд то роҳи наслҳои ояндаи ин миллати куҳанбунёд нурафшон ва дурахшон бошад».
Ҳар фарди ин миллат бояд дарк намояд, ки Тоҷикистон модар аст, модаре, ки мо дар домони поки он ба дунё омада ба камол расидаем ва худро шинохтаем.
Мо бояд, ин ватанро ҳамаҷониба аз таҳаввулотҳои ҷаҳони муосир чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намоем, то ин, ки ба насли оянда як давлатеро ба мерос гузорем, ки ороста аз арзишҳои бунёдӣ бошад ва мо тавонем бо иҷрои амалҳои шоиста ва шаҳрвандии худ аз фарзандони содиқи ин миллат бошем.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ