Санаи 30 январи соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ноиби сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайбиро ба ҳузур пазируфт.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориқи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ баста шуданд. Аз ҷумла, 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ, ки барои омода ва интиқоли шаҳрвандон ба давлатҳои хориҷӣ машғуланд, маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои қабулкунанда, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон, Нодирзода Иматшо ба меҳмон оиди рафти баргузории озмуни ҷойи холии корӣ дар ширкати Ҳукумати Давлати Қатар “Ҷасур”, ки чанде пеш дар синфхонаи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар шакли видеоконфронс баргузор гардида буд, маълумот дод. Иброз намуд, ки ба иштирокчиёни озмун кор дар фермаи чорвопарварӣ пешниҳод гардида, дар рафти озмун иштирокчиён аз таҷирибаи кории худ маълумот пешниҳод намуданд. Дар навбати худ ноиби сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайби иброз дошт, ки ҳадаф аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират, пеш аз ҳама шиносоӣ бо фаъолияти Хадамот, аз ҷумла рафти интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳури Тоҷикистон ба Давлати Қатар мебошад. Ӯ омодааст барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар мусоидат намуда, ҷиҳати касбомӯзӣ ва забономӯзии шаҳрвандони ҷумҳурӣ кумаки худро расонад.
Инчунин, Сардори Хадамоти муҳоҷират аз ноиби сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайби хоҳиш намуд, ки як синфхонаро дар бинои нав, ки айни замон таъмир рафта истодааст, пурра бо таҷҳизоти нав таъмин намуда, дар касбомӯзӣ ва забономӯзӣ мусоидат намояд. Инчунин, Сардори Хадамот пешниҳод намуд, ки он нафароне, аз озмун гузаштаанд барои гирифтани раводид ба Давлати Қатар мусоидат намояд. Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Сипас, ноиби сафири Давлати Қатар Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайби аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дидан намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират