• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ба мушкилоти глобалии сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт

Migration Service by Migration Service
26.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ба мушкилоти глобалии сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коршиносони умури амниятӣ бар онанд, ки ин зуҳуроти номатлуб чун вабои асри XXI боис гардида, таъсири фоҷеабори он натанҳо ба як халқу миллату кишвар, балки ҳастиву саломатии бани башарро хароб гардонида, бо ҳамин роҳ ҳисси нифоқу бадбиниро нисбат ба Ҳукумату кишварҳо бештар мегардонад. Аммо ҳар нафари дорои дарку андешаи солим ин гуна ғаразу идеяҳои тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳоро пай бурда, ба амалкардаи чунин гурӯҳҳои экстремистӣ нафрат мехонаду алайҳи ин гурӯҳҳо мубориза мебарад.

Тавре зоҳир мегардад, гурӯҳҳои ифротгаро дафъаҳои охир аз шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаву барномаҳои фанатикиву дур аз воқеиятро танҳо бо роҳи бадном намудани дини мубини Ислом созмон дода, чунин таблиғоти дурӯғии худро паҳн карда, мардум алалхусус ҷавононро бо гумроҳӣ ба сафи худ ҷалб намуда, сипас алайҳи хонавода ва ҳамватанони худ шӯронидан мехоҳанд. Агар не, интиҳор намудани як минтақаи ороми аҳолинишин ва рехтани хуни чандин нафар дар кадом таълимоти дини Ислом оварда шудааст?

Кам иттилоӣ ва паст будани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ дар аксар ҳолат боиси шомилшавии шуморе аз ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро маънидод мешавад. Бинобар ин, имрӯз зарурате ба вуҷуд омадааст, ки ҷавонони кишвар бояд дар роҳи илмомӯзӣ қадамҳои устувор гузошта, бо донишҳои ноби диниву дунявии худ алайҳи гурӯҳҳои террористӣ мубориза баранд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин раванд нақши воситаҳои ахбори омма, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ басо бузург аст.

Беҳуда нест, ки гурӯҳу равияҳои ифротӣ дар оғози амалҳои ғаразноку манфиатҷӯёнаи худ арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро бо ҳар роҳ барҳам зада, фалаҷ гардонида, баъдан ҳисси нобовариро бедор намуда, ба амалҳои зишту хавфноки худ даст мезананд.

Тибқи маълумоти нашршуда дар зарфи чанд соли охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористӣ қарор гирифта шуда, садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд.

Дар чунин вазъияти ҳассос ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модаронро лозим аст, ки дар тарбияти насли наврас аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро нақши таълиму тарбия ва одобу ахлоқ дар мубориза бар зидди чунин падидаи нанговари замони имрӯза бағоят муҳим маҳсуб меёбад.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мулоқоти судманд бо хатмкунандагони Литсейи касбӣ  техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Next Post

Корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич

Next Post
Корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич

Корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.