• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ба яке аз муаммоҳои  асосии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфт

Migration Service by Migration Service
16.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳодисаҳои террористии сентябри соли 2001 ҷаҳони муосирро ба ларза даровард. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва несту нобуд сохтани он омодагии худро баён намуданд, лекин муттаҳидии онҳо на ба он дараҷае мебошад, ки вазъияти имрўза талаб менамояд. Дар баробари ин бархе аз давлатҳо дар масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм сиёсати дурӯягиро пеша намуда, ин гурӯҳҳоро ба манфиати худ истифода менамоянд. Маҳз сиёсати дурӯягии  бархе аз давлатҳо боиси он гаштааст, ки ин муаммои байналхалқӣ торафт зиёд шуда истодааст, ки боиси ҳодисаҳои террористию экстремистии нав гаштаанд.

Имрӯзҳо баръало мушоҳида мешавад, ки бархе аз давлатҳо алалхусус, давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бар хилофи меъёрҳои мавҷудбудаи байналхалқӣ амал намуда, барои амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии худ аз ҳама воситаҳои мавҷуд буда истифода менамоянд. Чунин амалҳои онҳо таҳдиду хатарҳои навро дар ҷаҳони муосир боис шудаанд. Ин вазъият боз ҷаҳони имрўзаро ба вартаи «ҷанги сард» оварда расонидааст. Соли равон дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Вазъияти имрӯзаи Афғонистон, Ироқ, Ливия, Сирия, Украина, Яман ва дигар минтақаҳое, ки дар онҳо ҷангу низоъҳо рафта истодаанд гуфтаҳои болоро исбот мекунанд. Дар ин кишварҳои номбаршуда вазъият торафт мураккабу пурпечутоб шуда истодааст. Ҳоло он ки дар якҷоягӣ метавон ин муаммоҳои ҷойдоштаро дар як муддати кутоҳ ҳал намоянд.

Ба маротиб афзудани истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон, торафт яроқнок гаштани гурўҳҳои террористию экстремистӣ, ки доимо бо лавозимотҳои ҷангӣ, яроқи оташфишон таъмин мебошанд. Ҳоло он, ки на ҳама давлатҳо имконият доранд, ки барои артиши худ лавозимоти ҷангиро дар бозори ҷаҳонӣ харидорӣ намоянд.  Барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани маводи мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ агар мақсад ягона бошад на онқадар душвор мебошад.

Мутассифона имрўзҳо низ давлатҳои алоҳида барои амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии худ ба корҳои дохилидавлатии давлатҳои дигар дахолат намуда, вазъияти мураккаби мавҷудбударо аз будаш ҳам бадтар мекунанд. Инро мо дар мисоли кишварамон, ки солҳои 1992 бо дастгирию дахолати беруна сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гуфта метавонем. Бо вуҷуди пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ имрӯзҳо низ дахолати бархе аз давлатҳо тавассути ёрӣ расонидан ва зери қаноти худ гирифтани ҳар гуна гурўҳу ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба руйхати гурўҳҳои   террористию экстремистӣ дохил карда шудаанд, дидан мумкин аст.

Дар чунин шароити пуртазод пеш аз ҳама, ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси миллат бояд манфиатҳои давлату миллатро дар мадди аввал гузорад на манфиатҳои шахсии худро. Танҳо бо нишон додани муттаҳидӣ ва ваҳдати ягона мо метавонем аз ҳама муаммоҳои замони муосир худро пешгирӣ намоем.

Дар арсаи байналхалқӣ низ бояд давлатҳо барои ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи байналхалқӣ дастаҷамъона бояд мубориза бурд.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар ноҳияи Шаҳристон

Next Post

Мубориза бар зидди хатарангези иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрӯза аст

Next Post
Ифротгароӣ ба миллат танҳо бадбахтӣ меорад

Мубориза бар зидди хатарангези иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрӯза аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.