Миллати тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи бофарҳанг, баору номус ва заҳматкаш шинохта шудааст. Ҳарчанд ин миллати қадима дар ҳар давру замон ҷониби гурӯҳу шахсони ифротгар амалҳои носазоро дидааст, вале устувор дар роҳи худ мондааст. Мо низ бояд чунин фарҳангу таърихи бузурги худро бо неъматҳои Ватан эҳтиёт кунем. Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд.
Бинобар ин, бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд бар зидди равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон барем. Равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра решакан шаванд, то минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.
Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло бардоранд. Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар талош намоянд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифзи онҳо қарз, масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират