Имрӯзҳо терроризму экстремизм боиси нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори амали ғайриинсонӣ бетараф набошанд.
Яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар ҷаҳони муосир ин терроризм, экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, бесаводӣ, надонистани дин ва рукнҳои он, ҷаҳонбинии танг, яъне ин хатари даҳшатангезу марговар сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.
Ҷаҳони имрӯзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо низ домангир шудааст, ки боиси хавотирист. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.
Имрӯз, ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар сатҳи паст қарор доштани дониши дунявӣ, ки аслан ҷавононро ба сӯи корҳои номатлуб мебарад. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳуроти номатлуб натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи ҳар як нафар шаҳрванди баору номуси миллат мебошад.
Терроризму экстремизм ва оқибатҳои даҳшатбору бераҳмона ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бинобар ин мо мардуми баору номуси Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаро зарур мебошад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастҷамъона мубориза бурда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ ҳамаҷониба муттаҳид бошем. Шукронаи тинҷиву осоиштагии истиқлолилияти худро намуда, вазифадор ҳастем, ки арзишҳои муҳими давлатдориро ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе