Терроризм яке аз масъалаҳои мураккаб ва хатарноки ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба амнияти давлатҳо, оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдиди ҷиддӣ менамояд.
Дар шароити имрӯза, ки кишварҳои ҷаҳон барои таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ талош меварзанд, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ метавонад ба раванди пешрафти ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Терроризм на танҳо ба ҳаёт ва саломатии инсонҳо хатар эҷод мекунад, балки боиси тарсу ҳарос, нооромӣ, вайрон шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва халалдор гардидани амнияти миллӣ мегардад.
Дар тӯли таърих инсоният ҳамеша барои ба даст овардани сулҳ, озодӣ ва зиндагии шоиста мубориза бурдааст. Аммо дар баробари ин талошҳо баъзе гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдид кӯшиш менамоянд, ки мақсадҳои худро амалӣ созанд. Маҳз чунин амалҳо, ки боиси тарсонидани аҳолӣ ва халалдор намудани амнияти ҷомеа мегарданд, дар доираи мафҳуми терроризм баррасӣ мешаванд. Терроризм падидаест, ки бо арзишҳои инсонӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои зиндагии осоишта мухолифат дорад.
Терроризм дар шаклҳои гуногун зоҳир шуда метавонад. Ҳамлаҳои террористӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон, гаравгонгирӣ, хароб кардани иншооти муҳим ва дигар амалҳои зӯроварона аз ҷумлаи ҷиноятҳое мебошанд, ки метавонанд ба амнияти давлат ва ҷомеа зарари калон расонанд. Дар чунин ҳолатҳо бештар шаҳрвандони бегуноҳ зарар мебинанд. Кӯдакон, занон, пиронсолон ва дигар қишрҳои осебпазири аҳолӣ низ метавонанд қурбонии чунин амалҳои ғайриинсонӣ гарданд.
Аз ин рӯ мубориза бо терроризм вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ҳар як узви ҷомеа бояд дар ҳифзи сулҳу субот ва пешгирии паҳншавии ин падидаи хатарнок саҳм гузорад.
Сатторова Садоқат,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен
