• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва экстремизм – душмани башарият

Migration Service by Migration Service
02.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва экстремизм – душмани башарият
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба мароҳили ҷадиди ташаккули таърихӣ ва бунёдии давлати дунявӣ, демократӣ ҳуқуқбунёд ва ягона гардид. Он барои ташаккули сулҳу субот ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ дар қаламрави худ қадами устувор гузошта истодааст. Чун ба таърихи начандон дури он нигариста шавад, ҳақиқатан Ҷумҳурии Тоҷикистон мароҳили душвореро паси сар намуда, ба ин давраи шукуфоии худ расидааст. Зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, парокандагии миллат, вайронаву валангории қисмате аз ватан, ва садҳо дигар харобиҳои баъдиҷангӣ, ки ҳисоби он аз ҳадду ҳудуд берун рафта буд. Дар ин ҳолати бисёр душвор ва мушкилоти саросарӣ, миллати тоҷик боз чун аҷдодони гузаштаи худ бо иродаи қавӣ ва азми устувор барои бозсозӣ ва тармину таҷдиди ватани худ иқдоми хуб гузошта, дар фурсати начандон зиёд вайронаҳоро ба гулистону бӯстон табдил дод. Ободии шаҳру деҳот, сарсабзии боғу роғ, роҳравҳо аз ибтикорот ва созандагии халқу ватан ва миллати созандаи тоҷик дарак медиҳад.

Ҳамин тавр, тавассути талошу кӯшишҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ватани мо ободу зебо гардида, давлати тоҷикон дар роҳи демократӣ, адолат ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик бояд он машаққату мушкилоте, ки дар роҳи ободу зебо гардонидани ватанро фаромуш накарда, ба ҳар гуна роҳу равиш ва андешаи ҳар нафари бедонишро ба эътибор нагирад. Зеро дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроти зиёде мавҷуданд, ки на танҳо ба як нафар, як миллат, як минтақа, як кишвар ва ё як қитъа, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Он яке аз зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавӣ ва хориҷ аз он яъне байналмилалӣ касб намуда, дар ҳар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон пайдо шуда, тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Ин падида имрӯзу фардо ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад, зеро он тавассути технологияи муосир зуд паҳн гашта, бо номҳои мухталиф вориди ҷомеаҳои гуногуни ҷаҳон гардида истодааст.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм ин худ ифротгароӣ ва тундравӣ дар фикру андеша ва амал мебошад, ки дар ҷомеаи муосир падидаи нав буда, пайравони он дар содир кардани ҷиноятҳои бисёр вазнин, аз қабили қатлу куштори башарият, гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти мухталифи ҷамъиятӣ, рабудани молу амволи мардуми осоишта ва ғайраҳо марбут мебошад. Аммо экстремизм бошад, дар худ ҳасоили ҷудоихоҳӣ, иғвогароӣ ва фитнаангезиро дар худ ғунҷонидааст. Барои намуна метавон таъкид намуд, ки дар чанд соли охир садҳо ҳазор мардуми осоишта, аз ҷумла, занону кӯдакон ва куҳансолон қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо афроди дигар маъюубу корношоям гардиданд.

Ҳамин тавр, миллати тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар халқу кишварҳои ҷаҳон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, талош менамояд, ки роҳи ин гуна равишҳои номутаносиб гирифта шавад.

Алии Эмомалӣ,

Муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Оила – сарчашмаи меҳру муҳаббат

Next Post

Маҳкуми қотеъонаи терроризм

Next Post
Маҳкуми қотеъонаи терроризм

Маҳкуми қотеъонаи терроризм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.