Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо буда ва яке аз масъалаҳои муҳими ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда метавонад ба рушди ҷомеа таъсири худро расонида бошад.
Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба ҳисоб рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ фаҳмида мешавад.
Терроризм ҳамчун ҷинояти характери миллӣ – байналмилалӣ дошта сарҳад надорад ва ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона карда шудааст.
Ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонро ба ташвиш оварда, дар паи андешидани тадбиру чораҳои муосир саргардон кардааст.
Ҷаҳони имрӯзаро мушкилоти гуногун фаро гирифта, ки хатарноктаринаш пайдо кардани зуҳуроти терроризм мебошад.
Дар ҶТ Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ – мазҳабӣ мебошад.
Дар баробари он қонуни мазкур метавонад амалҳои номатлуби ин гурӯҳҳоро маҳкум намуда ба ҳар категорияи вобастаи ин гуӯҳҳоро ҷавобгарӣ ва ҷазои маъмурӣ татбиқ намояд.
Терроризм дар асри мо ба ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад.
Мутаасифона, гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин зуҳуротро дастгирӣ намуда, барои ташаккул ёфтани он мусоидат мекунад.
Вале боз масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки баъзе нафарон бахусус, ҷавонону наврасон, аз ҷумла аз кишвари мо ҳам ноогоҳона ба ин гурӯҳҳои даҳшатафкан шомил гардида, оила ва Ватану миллати худро доғдор месозанд.
Мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯровари дошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.
Мусоидати ҳар як фарди ҷомеа, пеш аз ҳама падарону модарон, мақомотҳои дахлдори кишвар барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳо зарур аст.
Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошанд, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи падару модар низ зарур аст.
Ба ҳамаи мо маълум аст, дар гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрави кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, бештар ҷавонон фаъоланд.
Мутаассифона дар радифи онҳо шомилшудани ҷавонони Тоҷикистони низ ба қайд гирифта шудааст.
Онҳо Ватани худро бо роҳи тарғибу ташвиқ тарк кардаанд.
Дигар роҳи бозгашт барои онҳо вуҷуд надорад, ҳарчанд пушаймонанд.
Дар ягон давру замон терроризмро аҳли башарият дастгирӣ накардаст ва нахоҳад кард.
Барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд.
Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд.
Пас ҳар яке моро зарур аст дар амалигардонии консепсияи милли тарбия саҳми худро гузошта ҷавононро ба рӯҳияи солими хештаншиносӣ тарбия намоем.
Мутаассифона, душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангезро тавассути яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.
Имрӯз вақте он фаро расидааст ба қадри сулҳу субботи комили ҷомеа расида, шукронаи давру замон ва тинҷиву оромии ҳар фарди Тоҷикистон бошем.
Зеро маҳз шукргузорӣ метавонад ояндаи халқу миллатро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби аср эмин нигоҳ дорад.
Акбаров Хуҷаназар,
директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе