Терроризм ҷинояти вазнинест, ки аз ҷониби як гурӯҳи муташаккил барои расидан ба як ҳадафи ниҳонӣ тариқи таҳдиду зӯроварӣ, инфиҷору заҳролудкунӣ, одамрабоиву гаравгонгирӣ, сӯиқасд ба ҷони шахсони олирутба ва ғайра содир мегардад. Ва ин истилоҳи таҳдидовар калимаи лотинӣ буда маънои тарсу даҳшатро дорад.
Мафҳуми “терроризм” ва “террорист” дар охири асри 18 дар Фаронса ба вуҷуд омада буд, ки он замон, “Яковчиҳо” (аъзои ҳаракати сиёсии радикалии чап дар замони Инқилоби кабири Фаронса, ки чун маҳфилашон дар маъбади Якови муқаддас ҷойгир буд, чунин ном гирифта буданд) худро чунин меномиданд ва мутаассифона дар он рӯзҳо он мафҳуми мусбӣ низ дошт (мисле, ки имрӯз террористону экстремистон бо забони “хуш” машғули мағзшӯии гурӯҳи заъфи ҷомеаанд).
Вале, чун мақсади асосии ин гурӯҳи муташаккил бараъло намудор шуд, мафҳуми “терроризм” намои “таҷовуз”-у “зӯроварӣ”-ро касб намуд. Ва аз ҳамон солҳо инҷониб террористон пайи ба анҷом расонидани амалҳои нопоки худ мебошанд.
Дар ибтидо ҳадафи террористон аслан шахсони олимартаба буданд, мисол, соли 1881 шоҳи рус Александри II, соли 1911 сарвазири рус П.А. Столипин аз ҷониби террористон қурбон шуданд.
Вале шуруъ аз нимаи дуюми асри 20 террористон бо мақсади эҷоди ваҳму даҳшат дар ҷомеа мардуми оддӣ ва ҳатто кӯдаконро низ ҳамчун ҳадафи нопоки худ қарор доданд. Ҳатто «шаҳидон»-е ба миён омаданд, ки худро дар миёни издиҳом мунфаҷир карда (тарконда), ҷони даҳҳо ва садҳо нафар одамонро бо худ мебурданд.
Агар то солҳои 70-уми асри 20 терроризм чанбаи локалӣ дошт, шурӯъ аз ин муддат мафҳуми “терроризми байналмилалӣ” ба вуҷуд омад. Яъне дар ин вақт гурӯҳҳое рӯи кор омаданд, ки аъмоли нопокашон ба амнияти инсоният, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекард ва ҷинояти содиркардаи онҳо сулҳи ҷаҳониро халалдор месохт. Ин ҳама ҷомеаи ҷаҳониро аз таҳдиди ҷиддӣ ҳушдор сохт ва СММ, кишварҳои абарқудрат мубориза бо ин вабои оламгирро ҳадафи афзалиятноки худ қарор дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ бо роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, дар ин самт асноди меъёрӣ ва ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст ва дар ин ҷода муваффақ низ ҳаст.
Бале, мутаассифона қоил бояд шуд, ки мо имрӯз дар асри моломоли террор умр ба сар мебарем, ва хатари он ҳамарӯза ба ҳар яки мо таҳдид мекунад.
Суиистифода аз шабакаҳову сомонаҳои интернетӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, носолимиву нокомилии тарбият дар хонадон, беэътиноии баъзе аз аъзои ҷомеа ва ҳатто масъулин, масъулиятношиносии баъзе аз волидон ва амсоли он – аз омилҳоеанд, ки хатари ин падидаи нопокро боз ҳам шадидтар мекунанд.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд, ки имсол – дар Соли маърифати ҳуқуқӣ сатҳи дониши ҳуқуқиамонро боло бурда, бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид гардем ва бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, аъмоли неку кирдори манфиатбахш дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ҳифз ва даҳчанду садчанд намоем.
Фирӯза Тошева,
корманди масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода.