Терроризм шакли ниҳоии хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад ва беш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд.
Дар давоми солҳои охир амалиёти террористӣ ва экстремистӣ доираи васеи мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун як вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст.
Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст.
Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири гурӯҳҳои террористӣ дар олам нигарон набошад.
Солҳое буданд, ки на терроризму на экстремизмро медонистему на тасаввурот нисбат ба онҳо доштем.
Афзудани ин қабил ҷиноятҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.
Тоҷикистон низ дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар сафи пеш қарор дорад.
Мутаассифона, баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое пайдо шуда истодаанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ месозанд.
Гарчанде замона пеш меравад, ҳастанд шахсиятҳое, ки то ҳол мазмуну амали чунин ибораҳо ё хатари оқибати онро сарфаҳм намераванд ва даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд.
Бояд гуфт, ки ибораи терроризм ва экстремизм ҳасту шахсони террорист ва экстремист мавҷуданд.
Умуман, ин ду мафҳум ба ҳам пайвастанд. Террорист шахсест, ки аз ҷониби ў ҳамин амалҳои ҷиноӣ ба анҷом расонида мешавад.
Ҷаҳони имрўзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ, кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо низ домангир шудааст, ки боиси хавотирист.
Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.
Шукр аз он, ки халқи тоҷик давраи нооромию сахтиҳои сиёсиро аз сар гузаронид.
Баъди солҳои интизорӣ ба марҳалаи пирўзии давлатдорӣ мо вазифадорем, ки Истиқлолияти давлат, ягонагиву муттаҳидии ваҳдати бадастовардаро муқаддас дониста, муҳофизат ва эҳтиёт намоем.
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як инсон аст.
Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои бо мушкилии зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.
Хулоса, терроризму экстремизм ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.
Бинобар ин мо, мардуми баору номусро зарур аст, ки бар зидди ин падидаи номатлуб дастҷамъона мубориза бурда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ ҳамаҷониба муттаҳид бошем.
Бояд шукронаи тинҷиву осоиштагии истиқлолияти худро намуда, вазифадор ҳастем, ки арзишҳои муҳими давлатдориро ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.
Саидов Ҷамшед,
Сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират