• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризмро пешгирӣ мебояд!

Migration Service by Migration Service
25.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризмро пешгирӣ мебояд!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони муосир яке аз хатарноктарин ва ҳассостарин зуҳуроте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, терроризм мебошад. Терроризм зуҳуротест, ки бо истифода аз зӯроварӣ, тарс ва ваҳшат бо ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ амалӣ мешавад. Ин амалҳо метавонанд шаклҳои гуногун дошта бошанд, яъне аз ҳамлаҳои мусаллаҳона то таблиғоти пинҳонӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ. Хатарнокии терроризм дар он аст, ки он натанҳо ба ҷони инсонҳо таҳдид мекунад, балки ба суботи ҷомеа, арзишҳои фарҳангӣ ва равандҳои рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Имрӯз, вақте сухан дар бораи терроризм меравад, онро ҳамчун як воситаи таъсиррасонӣ ба фикру зеҳни ҷавонон низ баррасӣ намоем. Зеро яке аз гурӯҳҳои асосие, ки ҳадафи гурӯҳҳои ифротгаро қарор мегиранд, маҳз ҷавононанд–насли наврасе, ки дар марҳалаи ташаккули шахсият қарор доранд ва ҳар гуна таҳрик ва таъсири берунӣ метавонад онҳоро ба роҳҳои хатарнок барад.

Пайомадҳои терроризм бисёрҷонибаанд. Аввалин ва бузургтарини он–талафоти ҷонӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ин амали бераҳмона боиси вайрон шудани осоиштагии мардум, тарсу изтироб ва беэътимодӣ дар ҷомеа мегардад. Аз ҷониби дигар, терроризм сабаби бад шудани эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад, ки метавонад ба рушди иқтисод ва сайёҳии кишвар таъсири манфӣ расонад. Ғайр аз ин, терроризм метавонад боиси паҳн гардидани кинаву адоват байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ гардад.

Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд, ҷавонон низ ҳастанд. Ҷавонон бо сабаби набудани донишҳои кофӣ, муҳити солими ахлоқӣ ё мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ метавонанд зуд ба доми таблиғоти ифротгароёна афтанд. Ин таблиғот аксаран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, ки имрӯз ба як василаи пурқудрати таъсиррасонӣ ба фикру зеҳни мардум табдил ёфтааст.

Дар баробари ин, яке аз самтҳои муҳимтарини кор бо ҷавонон ин омӯзонидани истифодаи бехатар ва оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бисёре аз ҷавонон аз он огоҳ нестанд, ки ҳар паёми хондашуда, ҳар навори дидашуда метавонад бар зеҳн ва ақидаи онҳо таъсир гузорад. Бинобар ин, рушди тафаккури интиқодӣ дар байни хонандагон яке аз шартҳои муҳимтарини пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои мамнуъ ва хатарнок мебошад. Тафаккури интиқодӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки фарқ миёни ҳақиқат ва дурӯғро дарёбанд, аз таҳрикоти бегона эмин монанд ва қодир шаванд, ки маълумотро таҳлил кунанд, на ин ки танҳо қабул кунанд.

Терроризм танҳо як амали ҷиноятӣ нест, балки як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва ҳаёти инсонӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки терроризм як зуҳуроти ҷаҳонӣ аст, ҳар як кишвар вобаста ба таърихи худ ва имконоти давлатдорӣ бо он мубориза мебарад. Тоҷикистон низ аз ин хатар дар канор намондааст.

Яке аз мисоли равшан дар дохили кишвар, ки метавонад ба мо сабақи муҳим диҳад, ин ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992–1997) аст. Дар он солҳо баъзе гурӯҳҳо бо истифода аз номи дин ва шиорҳои исломӣ мардумро ба мубориза барангехтанд, ки оқибат ба парокандагии ҷомеа ва вайроншавии заминаҳои ҳамбастагии миллӣ оварда расонид. Гарчанде, ки ҷанг бо Созишномаи сулҳи умумӣ ва барқарории давлатдории муътадил анҷом ёфт, вале он як дарси бузург барои мардуми Тоҷикистон гардид, ки чӣ гуна як миллат метавонад зери таъсири таблиғот ва ифротгароӣ фурӯ равад.

Ин гуна воқеаҳо ба мо мефаҳмонанд, ки мубориза бо терроризм танҳо бо истифода аз силоҳ ва қувваи амниятӣ натиҷаи пурра намедиҳад. Барои пешгирии чунин амалҳо, пеш аз ҳама, бояд ба тарбияи ҷавонон аҳамият диҳем. Онҳо бояд маърифат дошта бошанд, дуруст фикр карда тавонанд, фарқи ҳақиқат ва дурӯғро дарк кунанд ва дар муҳити солиму огоҳ ба камол расанд. Дар ин раванд Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки аҳамияти хоса дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин рӯйхати ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъро нашр кардааст, ки шомил шудан ба онҳо ҳамчун ҷиноят баррасӣ мегардад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар бораи чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд ва фаҳмонанд, ки шомил шудан ба чунин ҳаракатҳо фақат сарнавишти шахсро не, балки ояндаи тамоми ҷомеа ва наслҳоро зери хатар мегузорад.

Хулоса, мубориза бо терроризм танҳо кори мақомоти қудратӣ нест. Ин вазифаи ҳар як омӯзгор, падар, модар ва аъзои ҷомеа мебошад. Имрӯз насли наврас ба роҳнамоӣ ва омӯзиши дуруст эҳтиёҷ дорад. Дар шароити пурпечутоби ҷаҳони муосир, ки пур аз иттилооти дурӯғин ва таҳрикоти пинҳонист, омӯзгорон бояд пешқадам бошанд ва дониши хонандагонро дар самтҳои ҳуқуқ, таҳлили маълумот, эҳтиром ба арзишҳои демократӣ ва ватандӯстӣ тақвият диҳанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем як ҷомеаи солим ва бехатарро бунёд кунем, ки дар он терроризм ҷой надорад.

Мардонзода Суҳайли,

Мудири бахши иқтисод ва банақшагирӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мо бояд бетараф набошем!

Next Post

Бетараф набошем, ки коррупсия кушандаи тараққиёт аст

Next Post
Бетараф набошем, ки коррупсия кушандаи тараққиёт аст

Бетараф набошем, ки коррупсия кушандаи тараққиёт аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.