• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Тоҷикон халқи тамаддунофар ва сулҳпарвар мебошанд

Migration Service by Migration Service
03.04.2024
in Uncategorized
0
Тоҷикон халқи тамаддунофар ва сулҳпарвар мебошанд
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан намуд, аҳамияти байналмилалиро низ ба худ касб кард, ки он метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дар тӯли истиқлолияти худ бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати як муддат парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ гардида, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва гул-гул шукуфт. Имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, зеро ваҳдату сулҳ дар хонадони ҳар яки мо ҳукмфармост.

Ҳамзамон, хотиррасон менамоям, ки амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири зиндагии арзанда ва осудаҳолии мардум буда, заминаи устувори рушди минбаъдаи давлату миллат мебошанд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем.

Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем.

Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол- Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.

Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Модоме, ки мо мехоҳем дар оянда номи тоҷику Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, пас ҳар қадар, ки метавонем аз ҳар гуна хатоҳо эҳтиёт кунем, ҳатто аз хурдтарин амал ё коре, ки сабаби костагии обрӯю эътибори мо дар назди ҷаҳониён мегардад, даст кашему бо одобу ахлоқи ҳамида, бо илму маърифат ва ақлу хиради инсонӣ зиндагӣ кунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамояд, ки “Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки Тоҷикистони биҳиштосо дорем ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат, пешрафту ободии он ва гиромидошти арзишҳои миллиамон ҳамеша омода бошем.

Зеро Ватани асливу муқаддаси мо, зодгоҳи мо, орзуву умед ва сарчашмаи хушбахтиву саодати мо Тоҷикистони азизамон аст”.

Саҳми арзандаву хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату каҳрамонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароит ва ҳолати имрӯза ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор менамоям, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои ҷиноятӣ гардида, ҳар гуна амалҳои номатлубро бар зидди давлату миллати хеш раво бубинем!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.

Зикр кардан бо маврид аст, ки ҳар як шаҳрванд бояд, роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовари ба нафъи ҷамъият буда машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.

Дар воқеъ, устоди сиёсатмадор Абдуллоҳи Раҳнамо дуруст қайд намудаанд, ки дар ягон ҳолат Тоҷикистон наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор ё агрессор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон то кунун ба қаламрави ягон кишвари ҳамсояе ҳуҷум накардааст.

Бинобар ин, ҳар як сокини ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои гуногун бетарафӣ зоҳир накарда, бояд дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Зеро, мо ҷавонон Ватани азизи худ-Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст дошта, азм дорем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем.

Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст.

Мардуми сарбаланди кишвар бояд баҳри ободию шукуфоии диёри азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ҳиссагузор бошанд.

Ҳамзамон хотирнишон менамоям, ки дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.

Хулоса вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.

Мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.

Дар ин замина, таъкид карданиям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Мусаллам аст, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.

Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Хониши идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Вохӯрии судманд дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Спитамен

Next Post
Вохӯрии судманд дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Спитамен

Вохӯрии судманд дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Спитамен

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.