Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Ҳарчанд, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, воқеаҳои сиёсии Тоҷикистонро (ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997) дар ёд надоранд, аммо тавассути оинаи нилгун, матбуоти даврӣ, асару мақолаҳои адибону рӯзноманигорон ва олимон аз инъикоси воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ бохабар гардида, шукргузорӣ аз қарорҳои қабулкардаи Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллатро менамоянд.
Доир ба ҳамин Иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буд, ки “…бо тақозои таърих, на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
Ваҳдати миллӣ – ин натиҷагириҳои ҷомеа, ҳамфикрӣ, ҳамдилӣ, якдигарфаҳмӣ, баробарӣ, имконоти якхела доштан ва эҳтироми ҳамдигар сарчашма мегирад.
Имрӯзҳо мебояд асолати миллӣ дар амал нерӯи муттаҳидгару бунёкори ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил дода шавад.
Дар рафти ташаккули асолати миллӣ, бояд аз арзишҳои фарҳангию таърихии замони ориёиҳову сомониён дар ҳалли масъалаи миллӣ, махсусан ваҳдати миллӣ истифода намоем.
Маҳз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расад.
Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори худ, махсусан китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён” воқеаҳои фоҷебори Тоҷикистонро аз назари илмӣ таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки дур шудани халқ аз фарҳанг ва таърихи миллат, анъанаҳои таърихии давлатдорӣ, расму оини неки ниёкон ва набудани шуури худшиносӣ ва ифтихори миллӣ сабаби чунин буҳрони сиёсӣ мегардад.
Дар умум асолати миллӣ дарки мансубият ба умумияти муайяни этникӣ ва сарзамини ниёгон, дарки масъулият барои имрӯз ва ояндаи он, ширкати бевосита ва фаъол дар ҳалли мушкилоти ҷомеа, ифтихор аз миллату Ватан мебошад.
Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созанда бо дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Мо – ҷавонони накӯкору созандаи ин миллат, ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона менамоем, ки мардуми соҳибватану соҳибистиқлолем.
Бисту ҳафт сол аст, ки мардуми озодандеши тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии таърихиро ҳамчун иди умумихалқӣ, рӯзи ваҳдату ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ботантана ҷашн мегиранд.
Сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо буда, ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифаи ҳаётан муҳим ва муқаддаси ҳар як сокини диёр, махсусан ҷавонони баору номус ва бошараф ба шумор меравад.
Ҷои шубҳа нест, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ ҳамаи нерӯю кӯшиш, ақлу хиради худро барои боз ҳам устувор гардидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ва ба қуллаҳои баланди рушду нумуъ расидани Тоҷикистони азиз равона кардаанд.
Бигзор, сулҳу Ваҳдати миллии мо – тоҷикон, ҳамеша побарҷо бошад ва миллати мо бо фарҳанги куҳантаърихи хеш ҳамеша зери ливои ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ сарҷамъ бошанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе