Ватандӯстӣ ин муносибати шахс бо давлат аст. Тарбияи ватандӯстӣ ин раванд аст.
Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки аз 24 декабри соли 2022 қабул шудааст, мафҳуми ватандӯстӣ-муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва содиқона хизмат кардан маънидод гардидааст.
Ватандӯстӣ чанд шоха ё рукн дорад. Ҳар шахс дар ҳар куҷое, ки кор мекунад бо фаъолияти ибратбахшаш ба нафъи Ватан ва амали созандааш метавонад, саҳмгузор дар рушди Меҳан бошад.
Ба ибораи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Дар ин пайваст овардани чанд мисраи шеър ба маврид аст:
Ватан як лаҳза аз ёди ту фориғ нашавам,
Фориғи дар роҳи ту меҳри туро бохтан аст.
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,
Дар ватан будаи беёди Ватан беватан аст.
Шахси ватандӯст нафареро мегӯянд, ки ба Ватан – Тоҷикистон садоқат дорад, дар ҳама ҳолат барои ҳифзу марзу бумаш омода аст, риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро ба одати доимии худ табдил додааст, муҳимтар аз ҳама ба Ватан ва миллат хиёнатро раво намебинад.
Илова бар ин, шахси ватандӯст бо амали неку созандааш баҳри муаррифии Ватан дар арсаи байналмилалӣ талош меварзад, дар ободонии диёр саҳми намоёни хешро мегузорад.
Ё метавон гуфт, ки ҳар волидайне, ки фарзанди хушахлоқ, дорои илму дониши муосирро тарбия менамояд, ин саҳми ҳамон оила дар пешрафти Ватан мебошад, ки чунин фарзандон бе ягон муболиға дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба камол мерасанд ва дар оянда барои рушду тараққиёти Тоҷикистон хизматҳои шоиста менамояд.
Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи пурпечутоб, пешгӯинашаванда, зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ягона фишанги ҳаракатдиҳандаи рӯзгор ва пешгирии ҳама гуна хатару таҳдид ба Истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ин ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат маҳсуб меёбад.
Вазъияти ба амаломадаи минтақа ва ҷаҳон бори дигар мо шаҳрвандони мамлакатро ҳушдор месозад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси масъулият дар назди наслҳои имрӯз ва фардои Ватан рисолати волою муқаддаси худро, ки муттаҳиддию сарҷамъӣ, созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба мероси бойи фарҳангию илмӣ мебошад, садоқатмандона иҷро намоем.
Таҳлилҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба дастомада нишон ва гувоҳи дода истодаанд, ки баъзе аз ҷавонони мо шартан метавон гуфт, ду мушкилоти асосӣ доранд, якеашро метавон ҳавову ҳавас номид дуюмашро метавон кутоҳандешӣ номид. Якум мехоҳанд зуд соҳиби сарват шаванд, дуюм зудбовар ҳастанд.
Ҳамин ҳаваси зудсарватманд шудани баъзе ҷавонон онҳоро зудбовар кардааст ва зудбовариашон онҳоро ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ мебарад.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо шарофати сиёсати оқилона, дурандешона, инсондӯстона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории навини миллиамон ба камол расидани насли наврасу ҷавон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Аз ҷумла, қабули барномаву консепсияҳо, қонунҳои соҳавӣ, роҳандозии имтиёзҳо, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайра.
Илова бар ин, бунёди иншоотҳои фарҳангӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гиромидошти ҷашнвораи мутафаккирони миллат, таҷлили солгарди шаҳрҳои қадима ва дигар иқдомот баҳри ватандӯстии шаҳрвандон заминаҳои устувор гузошта истодаанд.
Барои насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан се ниҳод – оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар ҳамдастӣ мисли занҷира ҳамкории зич бояд дошта бошанд.
Ҳамзамон бузургтарин мактаби тарбияи ватандустӣ барои насли ҷавони даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Роҳи дигари муассири баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ин решакан намудани хурофот, зиёдравӣ ва таасуб дар ҷомеа мебошад.
Зеро хурофотпарастӣ боиси қафомондагии ҷомеа гардида, оҳиста – оҳиста ба фалаҷ гардидани рукнҳои давлатӣ миллӣ оварда мерасонад.
Бо дарки баланд, эҳсоси ватандӯстӣ иброз бояд дошт, ки ибораи арзишманд, мондагор, ҷовидона ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ифтитоҳи чархаи якуми Неругоҳи барқии обии “Роғун” садо дод, Тоҷикистонро мунаввар, шаҳрвандонро дар дохил муттаҳид ва ҳамватанони бузрунмарзиамонро зери як ғояи муқаддас ҷамъ овард, ки ин шиори ҳамешагии тоҷикон гардид: “Тоҷикистон ба пеш! Ба сӯйи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!”.
Роҳандозии чорабиниҳои таблиғотии ҳадафманд, суроғавӣ бо усулҳои муосири таблиғот деҳа ба деҳа, кӯча ба кӯча, хона ба хона, ҳамсол ба ҳамсол ва рӯ ба рӯ натиҷаҳои мусбатро дар самти ватандӯстии шаҳрвандон замина хоҳад гузошт. Дар маҷмуъ барои тарбияи ватандӯстӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳо дар ҳамаи самтҳо роҳандозӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар самти таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона, таҳсил, фароғат, дастрасӣ ба ҳамагуна маълумоти саҳеҳи иттилоотӣ ва ғайра.
Бешак далериву ғаюрии қаҳрамонони халқи тоҷик бахусус, таҷрибаи сулҳофарини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби давлатдориашон намунаи олии ватандӯстӣ барои насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад.
Иқдоми наҷибу таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат барои бедор намудани ҳофизаи таърихии миллат ва сабақ гирифтан аз ҳодисаҳои таърихӣ мусоидати фаъол намуда истодааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барои гардидани ҳисси ватандустӣ, ба одати доимии сокинон табдил ёфтани қонунҳои амалкунанда ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.
Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тақвияти фаъолияти идеологӣ муҳим буда, дар ин самт нафарони таҷрибадор ва донишманду сухандон ба истиқболи мардум раванд, мушкилоти онҳоро гӯш диҳанд ва барои рафъи онҳо дар якҷоягӣ бо масъулони ҳамаи соҳаҳо мусоидат намоянд.
Табиист, ки дар мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатар моро зарур аст, ки мафкурасозии миллиро тақвият бахшем дар зеҳну шуури насли наврасу ҷавони мамлакат руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлат дории миллиро бедор намоем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳоии ифротию раддикалӣ ба хотири расидан ба мақсади худ ягона эътиқоди динии мардум истифода мебаранд. Роҳи мубориза ба ин гуна гурӯҳ ва ё афрод ин таҳаммулпазирии сокинон буда метавонад.
Воқеан ҳам ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ҷумҳурии орому осоишта ва аз лиҳози пешрафт дар қатори мамлакатҳои рӯ ба инкишоф қарор гирифт.
Барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванд худро бояд масъул ва муҳофизи ин дастовардҳо шуморида, дар таҳкиму густариши пояҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.
Фаромӯш набояд кард, ки эътибори, сари баланд ва рӯи сурхи миллати тоҷик маҳз Тоҷикистон аст!
Баҳрулло Ғайбуллоев,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ