Ҳар фарди соҳибақлу маърифатдор аз овони кӯдакӣ дар доираи оила, кӯчаву маҳалла, дабистон ва қисмати дигари ҳаёти ҷомеа дар заминаи арзишҳои дини Ислом тарбияту ташаккул мегирад.
Фазилатҳои бузурги инсонӣ – эҳтирому муҳаббат ба падару модар, хоки поки аҷдодӣ, Ватан – Модар, таҳаммул ба дину мазҳабҳои дигар ва арзишҳои боқимондаи миллӣ маҳз дар меҳвари риояи аркони динӣ ба камол мерасанд ва дар ташаккули он ҳар фарди соҳибхираду накӯандеши ҷомеа мебояд саҳмгузору масъул бошад.
Мутаассифона, бепарвоиву бетарафӣ, дараҷаи пасти саводи диниву дунявӣ ва омилҳои дигар дар ҳамбастагӣ бо ғаразу бадхоҳии душманони пасипардагии давлату миллат боиси фирефтаву каҷравии баъзе афроди ноогоҳ ба ғояҳои ифротӣ шуда истодааст.
Чунин тоифа ба оилаву авлод, ҷомеа, Ватану давлат, миллати худ иснод оварда истодаанд.
Муқаррар карда шудааст, ки аксари ифротиёни гумроҳ дар мактабҳои динӣ тарбияту савод ёфта ва дар ботин ҳисси бадхоҳиву кина нисбат ба ҷомеа, равшанфикрон пайдо кардаанд.
Маъние ҳосил мегардад, ки маҳз ҳамин диндорони исломпараст дар руҳияи қатлу куштори рақибон тарбияту касбият ёфта бошанд, пас макону манзалати омӯхтаашон маскани иблису шайтонзодагон будааст.
Гарчанде мамлакати соҳибистиқлоли мо сиёсати демократию дунявиро мепазирад, мебояд нисбати тоифаи ифротӣ оштинопазир буд ва баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбирҳои заруриро андешид.
Дар ин ҷода мардуми шарифи сарзамини биҳиштосоямон бахусус ҷавононро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошанд, аркони поки дини аҷдодиро ҳифз намоянд ва бар зидди бефарқону бетарафон муборизаи беамон баранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе